Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 13:19

Забту мусодираи беш аз 700 дискҳои пиратӣ дар шимоли Тоҷикистон

2 сентябр 2011, 05:16

Бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунӣ,  истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводҳои аудио-видеовизуалии маънои фаҳшу зӯроварӣ ва экстеримистидошта дар давоми моҳи август дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Б. Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Ҷ. Расулови вилояти Суғд рейдҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Дар натиҷа аз нуқтаҳои паҳнкунӣ ва фурӯши маҳсулоти аудио - видеовизуалӣ  741 – адад дискҳои пастсифат мусодира карда шуда, нисбати соҳибкорон 52 санад тартиб дода шуд. Ҳамчунин, барои бе иҷозатнома фаъолият намудани соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Б.Ғафуров, Зафаробод, Ашт 12 протокол тартиб дода шуд.Бояд зикр кард, ки то ин дам аз нуқтаҳои фурӯш  120 адад фитаю дискҳои пастсифат мусодира гардида буд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!