Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:10

Теъдоди сафоратхонаҳо рӯ ба афзудан доранд

13 май 2011, 06:49

Сафири Тоҷикистон дар давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов бо сарвари департаменти Осиё ва Африқои вазорати корҳои хориҷии Қатар Зайд Рашид ал Наим баргузор гардид.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд. Ҳамзамон ҷаноби Зайд Рашид аз таъини сафири ғайримустақими Тоҷикистон дар кишвараш изҳори қаноатмандӣ намуда гуфт, ин иқдоми роҳбарияти  Тоҷикистон аз нияти он ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба шаҳодат медиҳад. Аз ҷониби худ, тарафи қатарӣ низ барои васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо бо кишвари мо омодагии худро бори дигар таъкид сохт. Ӯ махсус қайд кард, ки Қатар аз кишварҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистонро чун шарики муҳими худ меҳисобад ва амири Қатар ба мардум ва роҳбарияти Тоҷикистон эҳтироми хоса дорад.
Бино ба иттилои манобеи қатарӣ, танҳо дар давоми се соли охир 30 сафоратхонаи нав дар Доҳа ба фаъолият шурӯъ кард ва теъдоди умумии онҳо дар   аз 80 зиёдтар шуд. Бо наздик шудани мӯҳлати баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2020 нуфузи Қатар боз ҳам боло меравад ва он ба макони сармояҳои зиёд табдил меёбад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!