Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

«Тоҷиктрансгаз» қимматшавии гази ўзбекиро асоснок хонд

30 август 2011, 05:10

Ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар семоҳаи ҷорӣ 1000 метри мукааби гази ўзбекиро бо нархи 284 доллару 33 сент харидорӣ карда истодааст, ки нисбат ба арзишаш дар семоҳаи дуюм 35 доллар ва аввали соли ҷорӣ 56 доллари амрикоӣ қимматтар аст.

 

Масъулини «Тоҷиктрансгаз» дар сўҳбат бо «Озодагон» қимматшавии гази ўзбекиро асоснок номиданд. Ба гуфтаи манбаъ, нархи газ соли дуюм аст, ки бо талаби кишвари интиқолдиҳанда, аз рўи формулаи байналмилалии нарх, барои ҳар семоҳа муайян мешавад. Дар семоҳаи ҷорӣ нархи газ, дар натиҷаи гароншавии арзиши нафт боло рафтааст.

Сарчашмаи хабар афзуд, ҳангоми нархгузории газ асосан арзиши мазуту газанол ба инобат гирифта мешавад, ки ҳар дуяшон ҳам қиммат шудаанд.

Манбаъ мегўяд, дар ҳоли ҳозир харидуфурўши газ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон аз рўи пешпардохт сурат гирифта истодааст. Дар доираи созишномаи дутарафа, имсол дар назар аст, Тоҷикистон аз Ўзбекистон 180 миллион метри мукааб гази табиӣ харад.

Масъулини «Тоҷиктрансгаз» таъкид мекунанд, ки хариду фурўши газ дар доираи шартнома идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!