Бахшҳо
05 июл 2014 09:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эшони Нуриддинҷон: "Бародар метавонад, ҳамсари бародари мурдаашро... бигирад"

Эшони Нуриддинҷон, руҳонии саршиноси тоҷик, никоҳ бо ҳамсари бародарро, ки вафот кардааст, раво хондааст.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли Шаҳбоз – як корбари торнамои Тураҷон.Орг, ки “оё амаки ӯ баъд аз вафоти падараш метавонад, бо модараш издивоҷ кунад?” гуфтааст, “бародар метавонад, ҳамсари бародари вафоткардаашро баъди тамом шудани иддааш бигирад.”

Дар Тоҷикистон, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, издивоҷи як бародар бо ҳамсари бародараш, ки мурдааст, расм нест. Ҳарчанд бародарон муваззафанд, хонаводаи бесаробонмондаи бародари худро сарпарастӣ ё нигоҳбонӣ кунанд, аммо зани бародари мурдаашонро ба ҳамсарӣ қабул намекунанд.
Мӯҳр
Лакшман
Ба фикри ман ин фатво барои арабхо дуруст аст, аммо барои арзишхои миллии Точики оринажод мухолифат мекунад.Чи дигар мардхо мурдааст, ки зани бародарро мегири. Бисёр ба бародар, ки рахм куни, бидуни гарази нафси сагероша сарпарасти намо. Ана ин аст ахлоку тамиз МИСтр Мулло.

Дар Тоҷикистон, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, издивоҷи як бародар бо ҳамсари бародараш, ки мурдааст, расм нест.

Акай Озодагон! худут хабар надори, ихели мисоло бисёран факат дар гузашта. Барои он мегиран, ки бачахои акаш ё додаруш бесохиб намонан. Хай, бо кира чи хел дилуш мебардора. Ин як кори одамгари ай!

Мебахшеду, лекин хамин гуна шарху тафсилотхоро бас кардан лозим, домуллои мухтарам. Дунё дар талоши ба Марсу Зухал паридан аст, вале ин домуллохои мо ба ришу фаш, саллаю дастор, сатру фаранчи ва мана боз ба занхои бародарони худ гузаштанд.
Домулло, Худоё накарда, кадом марди точик баъди марги бародараш уро ба никохи худ дароварда бо вай хамхоба мешавад???
Домулло, ман Шумо ва ахли оилатонро эхтиром менамяом, вале ба чои чомеаро ба талаби донишу илм даъват намудан, вайро тамоман фалач намудед.
Ман донам, ки Шумо аккалан тафсири ягон сураи Куръони покро навиштед, ягон китоби фикх бо забони точики тахия намудед ва ё аккалан як газали Бедилро ба чомеъа шарх додед, мегуям ахсан.
Дар натичаи хамин даъватхои Шумо 90 фисади чавонони мо аз андухтани илму дониш даст кашида, дар Россия ба кучарубию корхои сохтмони машгуланд.

Маълумот
"Дар Тоҷикистон, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, издивоҷи як бародар бо ҳамсари бародараш, ки мурдааст, расм нест."
Ин расм ҷой дошт, буд фақат дар вақтҳои охир бо омадани низоми шӯравӣ он камтар шуд.

Яъкуб. Душанбешахр.
Ба Нозир...О бародар ба ин домулло суол додаанду у чавоб гуфтааст.Агар чавоб нагуяд мегуи чихел домулло хасту ба саволхои дини чавоб намегуяд агар гуяд боз ин......

Abdulloh
Барои шумо аз ислом мегуянд шумо мегуед дар мо точикон расм нест агар аз ислом бадатон меояд ошкор эълон кунед

хами боби эшон охи ты паембар набоши ки чунин фатво дихи рав ифторхури карда гард дар хонаи муридот корат набоша ба занако ба ки шавхар мекунан намекунан кори шумо чи я бор гапои шумора гуш кардем то холора халк дар азобай

саидчон
даркучо бобои эшон амр ба зангири бародар кардаст ки шумо инро расми кунед савол шуд чавоб гуфтааст охир вақте савол шуд ҳакро гуяд чи ин кадар шумо валвала доред хайр ба ки мурочиат кунад вакте саволи фики шуд ба деректори мактаб е ба раиси чамоъат

Заршинос
Бародарон арабхо бисёре аз анъанаоти вахшиёна ва биёбонии худро ба сари мардуми пешрафтаи ориёи бор кардаанд.Аз чумла гирифтани завчаи бародарро ин аъмол дар фарханги точик аслан роич набуда,хоси арабхои биёбонист.Бесохиб мондан ин яг гапи худи арабхост.Чун бародар фарзандон дорад онхо калон шаванд ба бародари падарашон ки завчаи уро гирифтааст бо танаффур нигох хоханд кард.Маданият араб бисёр чизхоеро дорад,ки дар 1400 соли ислом барои мо мардуми ориасл бегона буданд ва бегона хоханд монд.Мисли сусморро халол донистани арабхо ва хурдани онхо ки аз давраи бутпарастияшон ба онхо мерос монда дар биёбонхо бисёр хат.

TJK
Лакшман,
Мистер Лакшман (шояд ин ҳиндӣ бошад) арабҳоро ҳоло мон, таърихи худатро аввал хон, махсусан агар китоби ҳуқуқие, ки раиси кумитаи дин Холиқов навиштааст хоҳи дид, ки ориёҳо, чӣ кор мекарданд. Барои ориёи модар, хоҳар, духтар, амма, хола ва инҳоро гирифтан ривоҷ будааст. Аз ҷумла мисол меорад сарлашкари ориёи Баҳроми гурро...

Бародарони гироми, ки коментари менависанд ба шумо як муроҷиат доштам:
Барои касе, ки масъалаи исломиро намефаҳмат хомуш истад, ки ба сабаби гапи ноҷояш ба имони худ халал меовард. Нашавад, ки ҳамин гап дар рӯзи қиёмат дарди сарат шавад ва абадӣ ҷои худро муайян намои. Эшон домулло аст, тамоми умри худ фақат китобҳои илмии диниро хондааст ва дар асоси дин ҷавоб медиҳад. Шумо бошед бо эмотсия гап мезанед, гапҳои шумо илмӣ нест. Вале дин шухӣ надорад. дилам ба шумо месузад, ки ба як гап охирататонро барбод надиҳед. Вале эшон бошад умуман ҳар олим хато карданаш мумкин, вале чун дар доири асосҳои илмӣ хато кардааст на қасдан барои ӯ як савоб дода мешавад. Ин масъалаҳо барои мутахассисони дин аст на барои ҳар кас......

Омблохон
Ба TJK. Бахроми Гур ба мисли Арабхо аз ОРИЁ набуд. Угаи буд. Чукуртар хон.

Вактедаьвоимусалмонигаривапайравиазислом
мекуни,набоядрасмуоининажодиропайгирикун
и.Чунпарвардигорфармудааст,издивочтанхобо
номахрамонаст.Хамасарибародаринномахрам
аст

Мухтараш Эшон! Нмехохам сухане гуям, ки баъдан он хамчун санги маломат бар чониби шумо бошад. Ин хам ба он хотир аст, ки нисбати шумо эхтиром дорам. Аммо хохиш мекунам, нисбати баъзе аз амалхое, ки дар миёни мардуми точик роич нест ва гохи вичдони кас намбардорад ва ё дар акли кас намгунанд фатво надихед. Факат дар кишвари мо хамин намерасид, ки бародар зани бародари худро гирад..... Хеч як мусалмони счохибирода инро кабул карда наметавонад.......

VHD
TJK
Аввал он, ки ягон нафар бо ибрози акидаи худ кофир намешавад. Дуюм, ки агар ин мавзуъи бахси байни мутахассисони сохаи дин бошад, домуллои мухтарам равад ин акидахои хешро дар Шурояи уламо ва ё махфили илми баён намояд, на бо истифода аз воситаи ахбори умум. Саввум, ки ба арабхо кур-курона таъзиму накуну, ба онхо ин кадар мухлис нашав, танхо як бор рафта аз Дубай дидан намо, ки чи гуна онхо нафсро ба пулу мол фурухтанд. Гуруру таккабури арабхои хозираро ба хеч чиз киёс карда намешавад.
Исломро мо точикон то ин дарачаи баланд расонидем, ки дар он сахми бузурги гузаштагони мо буданд ва Хазрати Пайгамбари азизамон (с.а.с) фармуда:--Агар илм муаллак дар ситора бошад, мардони форс онро дармеоранд.
Дар хакикат зани бародари худро гирифтан ин яке аз анъанахои вахшиёнаи арабхо аст ва онро нашояд ба сари дигар халкхо бор намуд.
Нисбати китоби Раиси Кумитаи дин гуфтаниям, ки вай умуман олим нест. Лакшман,

ИН фатво тамоми арзишҳои ахлокиро зери суол мегузорад. Бародари шавхар шавҳари потенсиалии янга! Маънояш ҳамин аст. Ҷои он ки зани бародаратонро зан кунед (даҳшат!) ба фарзандони ятиммондаи бародар падар бошед! Ин одамият аст! Ва то ки занҳо пас аз фоҷеае дар зиндагӣ пешпо нахуранд ва аз ноилоҷи бародари шавҳарро нагиранд (даҳшат!) инсонвор аз аввал духтаронатонро илму ҳунар омӯзед! Дар оолаи мо чунин фоҷеа шуд ва мо янгаамонро хоҳарвор дастгирӣ сохтем, акнун ҳам сарпаноҳ дорад ва ҳам маоши зиндагӣ, Киро шавҳар интихоб мекунад, ихтиёри вай аст Иддаи ақл поед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)