Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:47

Қозидавлат Қоимдодов дар Беларус ҳамойиши вижа ташкил кард

2 сентябр 2011, 05:22

Дар ҷумҳурии Беларус китоб  бахшида ба 20-солагии истиқлолиятиТоҷикистон ба нашр расид.


Тавре аз ВКХ ба «Озодагон» хабар доданд, китоби илмӣ зери унвони «20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус» дар шаҳри Минск ба табъ расид, ки ба он маводҳои илмӣ аз конфронси байналхалқӣ зери чунин унвон ворид шуданд.

Ҳамойиши номбурда бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи ИДМ, парлумон, вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии назди президенти ҷумҳурии Беларус сурат пазируфт.
Дар китоби мазкур баромадҳои иштирокчиёни конфронси байналхалқӣ «20- соли истиқлолияти  Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус», аз ҷумла сафири   Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов, муовини аввали раиси кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун, муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко, ҳамчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки дар ҷумҳурии Беларус ба қайд гирифта шудаанд, олимони машҳур ва ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони хадамотҳои идоравӣ ва донишгоҳҳои олӣ ҷо дода шудааст.

Ин китоб бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Академияи идоракунии назди президенти Беларус нашр шудаст,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!