Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

Садамаи нақлиётӣ ҷони як нафарро гирифт

29 август 2011, 05:28

Бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар наздикии донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷанд марди 62-сола ба ҳалокат расид.

 

Аз раёсати БДА ВКД гуфтанд, ки нимаи рӯзи гузашта дар маркази вилояти Суғд ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел вектра» Баҳриддин Зиёеви 35 сола аснои ҳаракат дар кӯчаи Ленин дар рӯ ба рӯи донишгоҳи политехникӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Хайрӣ Ашрафҷоноваро зер мекунад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан мефавтад.

Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар захм бардоштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!