Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:47

Инфиҷор дар як масҷиди шаҳри Бағдод даҳҳо кушта ба ҷой гузошт

29 август 2011, 05:30

Бар асари як таркиш дар Бағдоди Ироқ беш аз 30 тан кушта ва зиёда аз 40 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин навбат инфиҷоргари худкуш худро дар яке аз масоҷиди гаравандагони мазҳабӣ суннӣ тарконидааст.

 

Бино ба маълумоти пулиси Бағдод таркиш баъди анҷоми намози шом, дар минтақаи ғарбии Бағдод, дар масҷиди Умм ал Қуро, ки чеҳраҳои шинохтаи суннимазҳабон асосан ба ин масҷид мераванд, рух додааст. Бино ба гуфтаи хабаргузориҳои арабӣ миёни кушташудагон вакили порлумони Ироқ Холид-ал Фаҳдовӣ низ будааст.

Гуфта мешавад, ки теъдоди таркишҳову инфиҷор дар Ироқ дар моҳи ахир ба чанд маротиб афзудааст. Шўъбаи ироқии «Ал-Қойида» ваъдаи анҷоми 100 таркишро барои куштани сарварашон Усома бини Лодан кардааст. Фақат дар 2 ҳафтаи охир бар асари силсилаинфиҷорҳо дар Ироқ ҳадди аққал 100 нафар қурбон гардида, 300 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!