Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:05

SoS: Касалии вабо дар Чагами Шӯрообод доман паҳн мекунад

2 сентябр 2011, 05:30

Дар ҷамоати деҳоти «Чагам»-и ноҳияи Шӯрообод 8 нафар ба бемории вабо гирифтор шудааст, ки аз онҳо 3 нафарашон духтурони беморхонаи ҷамоати мазкуранд.


Як сокини ин минтақа, ки нахост номаш ифшо шавад, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ҳоло чанд тан аз беморонро аз касалхонаи Чагам ба беморхонаи деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод фиристоданд.Ҳамсубатамон сабаби интиқол ёфтани беморонро ба шифохонаи дигар, ба ҳолати вазнини онҳо рабт дод. Манбаъ гуфт, духтурон шояд аз беморони аввал гирифтор шуда, ба вабо гирифтор шуда бошанд. Ӯ мегӯяд, дар  ҷамоати «Чагам» бори аввал аст, ки як чунин маризии даҳшатзо доман паҳн кардан дорад.

 

Бобоҷон Сангов, табиби мардумӣ дар робита ба ин мавзӯъ иброз намуд, ки бемории вабо бо риоя нагардидани омилҳои гуногун аз ҷумла; аз ифлосӣ, хусусан аз ифлос будани оби нушокӣ пайдо мешавад. Сангов мегӯяд, азбаски Шӯрообод бо Афғонистон ҳамсарҳад аст ва афғонҳо ба ин ноҳия рафтуои зиёд доранд, шояд  бемории вабо аз онҳо ба сокинони Чагам гузашта бошад,зеро дар Афғонистон ин беморӣ вуҷуд дорад. Вабо бемории гузаранда аст ва агар пеши роҳи онро нагиранд, оқибатҳои нохубро ба миён меорад, гуфт Бобоҷон Сангов. Номбурда қайд кард, ки соли 1905 бемории вабо дар қаламрави минтақаи имрӯзаи кишвари мо авҷ гирифта будааст ва ҳол гирифторшавии мардум ба ин беморӣ кам ба назар мерасад. Бархе аз соҳибназарони илми тиб мегӯянд, бо вуҷуди он ки бемории вабо зуд паҳн намешавад, вале ин беморӣ гузаранда ва хеле хатарнок буда, масъулинро мебояд пеши инро ҳарчӣ зудтар гиранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!