Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

Созмони «Мадад»-и тоҷикон дар Краснодар истиқлолиятро таҷлил кард

2 сентябр 2011, 05:36

Дар шаҳри Краснодари Русия ҳам 20-солагии истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.


Тавре Бахтиёр Ширинов, як масъули диаспораи тоҷикони ин минтақа зимни як сӯҳбати телефонӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, зимнан дар доираи ин маросим як қатор чорабиниҳои идона сурат гирифта, аксари ҳамватанони муҳоҷири мо дар он ширкат доштанд. Гуфтанист, тарҳи мазкур бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Мадад» - и Краснодар роҳандозӣ гардида, мусобиқаи волейболбозону гӯштингирон низ ташкил гардид, ки дар он ҳам намояндагони кишвари мо ва ҳам ҷамъиятҳои миллии Ӯзбакистону Қирғизистон иштирок доштанд.

 

Манбаъ афзуд, дар ҷараёни ин чорабиниҳо ҳамойиши вижа бахшида ба рӯзи истиқлоли тоҷикон  баргузор шуд. Сарвари созмони «Мадад» Нағзибек Нағзибеков зимни суханрониаш аз натиҷаи кори ташкилот ва диаспораҳои тоҷикон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони қисмати ҷанубии Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо ибрози андеша кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!