Бахшҳо

(ВИДЕО) Марги Ёрмуҳаммади 20-сола дар сарбозӣ. "Фолбинӣ"-и сардору...

Наздикони Ёрмуҳаммад Қаландаров -- сарбози 20-солаи тоҷик, ки охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ, ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ дар Хуҷанд, ба ҳалокат расидааст, ба шарҳи расмии масъулони қисми низомии 9829 бовар надоранд.

Ба қавли онҳо, маъмурияти ин қисми ҳарбӣ, ки мутааллиқ ба Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад, баъд аз пурсуҷӯи муфаттишон гуфтаанд, ки Ёрмуҳаммад гӯиё ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир фавтидааст. Аммо волидони ӯ мегӯянд, баъд аз гирифтани ҷасади фарзандашон мушоҳида кардаанд, ки болои чашмҳои ӯ сиёҳ буда, дар баъзе аз қисмҳои баданаш изи зарбу лат дида мешуд.

(ВИДЕО) Марги Ёрмуҳаммади 20-сола дар сарбозӣ. "Фолбинӣ"-и сардору...Ҷамолиддин Қаландаров, падари Ёрмуҳаммад, мегӯяд, писараш моҳи ноябри соли 2012 аз роҳи маҷбурӣ ё “облава” ба хидмати Артиш ҷалб шуда, то анҷоми муҳлати сарбозияш ҳамагӣ се моҳи дигар боқӣ монда буд. Ба гуфтаи ӯ, писараш то лаҳзаи рафтан ба хидмати ҳарбӣ дар Омӯзишгоҳи шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, таълим мегирифт.

“Шоми 22 июн Сатторов -- сардори рота (гуруҳ) занг зада гуфт, писарамро барои акс гирифтан ҷавоб додаасту аммо аз ӯ дараке нест. Ба тамоми хешу табор, ки дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд, дар тамос шудем. Як ҷиянам гуфт, Ёрмуҳаммад омада аз онҳо 10 сомонӣ гирифта, рафтааст. Баъд аз ин дигар касе ӯро надидааст”,-нақл мекунад Қаландаров. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъдан, 23 июн, онҳо ба ҷустуҷӯи Ёрмуҳаммад ба Хуҷанд рафта, аммо тамоми талошашон барои пайдо кардани ӯ бенатиҷа будааст. Вай аз он шикоят дорад, ки дар тамоми рӯзе, ки онҳо машғули ҷустуҷӯи Ёрмуҳаммад будаанд, Сатторов – сардори рота аз фавти писараш огоҳӣ дошта, аммо аз онҳо пинҳон кардааст. “Ӯ фақат мехост, масъулияти марги писарам ба дӯшаш наафтад. Агар дар вақташ моро огоҳ мекарданд, кадом шикояте надоштем. Аз тақдир медонистем ва шубҳае низ пайдо намешуд. Меовардем, то модару хоҳару додаронаш ҷасади ӯро медиданд, тозаву озода ба хок месупоридем”,-мегӯяд Ҷамолиддин Қаландаров.



Падари Ёрмуҳаммад афзуд, “ҳатто вақте хостем, ба додситонӣ шикоят кунем, Сатторов нагузошт. Гуфт, фарзандамон хизматро хуб адо намуда истодааст ва агар ӯ бо ягон духтар рафта бошад, ин бар зарараш тамом мешавад. Аммо ба гапҳои ӯ гӯш накарда, ба назди додситони ҳарбии горнизонии Суғд, полковники адлия Саид Сулаймонзода рафтем. Сулаймонзода моро хуб қабул ва арзамонро гӯш карда, дар наздамон ба тамоми мақомоти қудратии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд занг зад. Додситони ҳарбӣ дар давоми даҳ дақиқа фаҳмид, ки писари мо дар куҷо будааст. Моро ба морг бурданд ва мо Ёрмуҳаммадро онҷо пайдо кардем. Кормандони морг гуфтанд, ки ӯро субҳи 23 июн ба он ҷо оварда будаанд.”

(ВИДЕО) Марги Ёрмуҳаммади 20-сола дар сарбозӣ. "Фолбинӣ"-и сардору...Нурулло Саидов, яке аз хешованди Ёрмуҳаммад, мегӯяд, то ҳол онҳо нимкосаи зери косаи марги Ёрмуҳаммадро нафаҳмидаанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷустуҷӯи Ёрмуҳаммад сардори рота гуфтааст, як вақт ӯро дар бозори мардикори Хуҷанд дидаасту як вақти дигар барои ёфтанаш ба назди фолбин рафтааст. “Сатторов, сардори рота, гуфт, ки ба назди фолбин рафтааст ва бино ба қавли фолбин Ёрмуҳаммад ҳамроҳи як духтару як бача асту бояд ба мо занг мезад. Чӣ даркор буд, ин ҳама дурӯғ ва фолбиниҳо? Агар Шумо ба ҷои мо мебудед, магар шубҳа намекардед?”

Падари Ёрмуҳаммад ҳам мегӯяд, “Сатторов аз аввал медонистааст, ки писарам фавтидааст ва аз мо пинҳон кардааст”. Ҳоло додситонии ҳарбии горнизони вилояти Суғд аз болои Сатторов, сардори яке азротаҳои қисми низомии 9829 бар асоси моддаҳои 391, қисми 1 ва 392, қисми 1 парванда боз кардааст.

“Баъд аз чанд бори пурсуҷӯи як ҳамхизмати Ёрмуҳаммад аз ҷониби муфаттишон, ки ҳамроҳаш будааст, ӯ қоил шудааст, ки бо писарам ба оббозӣ рафтаанд ва ӯ ғарқ мешавад. Баъд аз 15 дақиқа ба Сатторов омада мерасонад, ки Ёрмуҳаммад ғарқ шуд. Аммо Сатторов ба ҳамхизмати писарам мегӯяд, ба ягон нафари дигар ин гапро нагӯяд”-афзуд Ҷамолиддин Қаландаров.

Наздикони Ёрмуҳаммад гуфтанд, мехоҳанд, асли марги фарзандашонро фаҳманд ва далели ин ҳама срагардонии онҳо барои ёфтани Ёрмуҳаммад чӣ буд? Онҳо қасд доранд, инчунин, аз додгоҳ бихоҳанд, ки барояшон аз Сатторов ҷуброни зарари маънавӣ ситонад.
Мӯҳр
.
Айби Сатторов хамин аст, ки аскарро ба увольнения чавоб додааст. Трасидааст, ки уро гунахкор накунанд, барои хамин каме бечуръати кардааст.

Нисормухаммад
артиши бемасъулияти синфи коргару дехкон солхост, ки фарзандони камбагалонро хурда истодааст. Кушунхои сархади не, дарди сари точикистон.

Абдулло
Аз минбархои баланди давлатдори лоф мезанем, ки чаро мардум ба хизмати модар ватан намераванд?!!! Ин аст натичаи хизмат дар ватани мо!!!! ниме аз гуруснаги ними дигар аз дарду машакат ними дигар аз лату куби афитсерон ними дигар дар мухочират ба халокат мерасанд Вой бар шумо масъулини бемасъул!!!!

А-а
Бояд як бор хонаи комисарро оташ зад, ана баъд мебинем, барои чи фарзанди касро зинда мебурдаасту - мурда меовардааст. Порахури ланатихо.

бечора писаронро мекушанду бечора духтаронашон фохишаги мекунанд.

Э руи хамин хел сардори ротта сиех..........як мардаки капа колону бофта баровардагияшро бинед, ки мегуяд ба назди фолбин рафтам....хэх э руи худатам сиеху аз фолбинатам, о фолбини ту аз назди Худованд омадаги, ки мурдан е намурдани солдати туро медонад!!! Сардори ротта шуда ба фолбинон бовари дошта бошад ох вой бар холи мардуми бечораву гумрохе, ки аз донишу савод акиб монда ба гапи хамин хел фолбинакхо бовар мекунанд!!!

мухочир
ин саторов рост мегуд ки як бор дар бозори мардикор дидас ха саторов хар руз аскархоро ба мардикори фиристода пул чам мекунад вайро чазои сахт диханд

Ман нафамидам и сари кудрат бдагихо аробашона гум кадайян ягон бо акли бошад,ки инора аз вазифа озод кнашон.ин чи бадбахти е сарфармондехони мухтарам.мо бо фахр мекнем амалкунандахои кудратидорем

З
САТОРОВРО ДАР БАЙНИ МОДАРОНИ САРБОЗОН САР ДОДАН ДАРКОР.

фолбин
як фол дидан даркор ки ки хизмат кардестай дар кисмхои харби агар ягон бачахои калоно минимум фарзанди сардори раёсат значит хамаш тугурай !

то кай писарони мардумро бурда бо азоб мекушанд ин берахми то кай

Войдодали
Ох садхо бор Сатторов руйяшро сиёх кардааст. Худо чазоятро дар хамин мохи муборак дихад.

лоик
саторовро ба дигар части дар хоруг буда перевод карданд.оё баъд аз шикастани савганди харби боз дар сафи кувахои мусалах хизмат кардан мумкин аст?.дар вакти союз касоне савгандро мешикастанд онхоро дар яго чо ба кор кабул намекарданд ва хамчун хоини миллат ба махбас мекашиданд.саторов бояд чазояшро гирад агар судяи бовичдоне бошад.локин вичдони онхо дар киса аст.

з
ХУДО РАХМАТАШ КУНАД. РАСО ЯК СОЛ ГУЗАШТ,КИ У ДАР БАЙНИ МО НЕСТ. РУЗИ 14-УМИ ИЮНЬ САРИ СОЛАШ БУД.ХУДОВАНД ЧОЯШ ЧАННАТ ВА ГУРАШ ПУРНУР БОД. (ОМИН).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)