Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:42

Дмитрий Медведев: Русия метавонад КАСА-1000-ро маблағгузорӣ намояд

2 сентябр 2011, 05:42

Барои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷомеаи байналмилалӣ бояд мусоидат намоянд. Дар ин бора чанд лаҳза қабл, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар саммити роҳбарони чоргона иброз дошт.


Бино ба қавли хабарнигори «Озодагон», ки дар маҳалли мулоқот ҳузур дорад, зимни ин ҳамоиш бештар масъалаҳои марбут ба мубориза бо терроризм, экстремизм ва масоили иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дмитрий Медведов, президенти Русия изҳор доштааст, ки ҷониби Русия омода аст, дар тамоми лоиҳаҳои кишварҳои чоргона, аз ҷумла дар татбиқи пружаи КАСА- 1000 ширкат ва сармоягузорӣ намояд. Ҷаноби Медведев ҳамчунин илова кард, ки гузашта аз ин Русия ҷиҳати ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷониба низ ба ҳар яки ин кишварҳои чоргона омода аст. Номбурда афзуд, барои амалӣ гардонидани ғояҳои кишварҳои чоргона ва таъмини амнияти минтақа бояд аъзоёни  Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, СПАД ва дигар институтҳои байнулмилалӣ ҷалб шаванд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!