Бахшҳо

Вазири фарҳанг: Сарояндаҳои мо бе фонограма ҳунари кофӣ надоранд

Шамсиддин Орумбекзода (Орумбеков), вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, вазъи воқеии ҳунару малакаи сарояндаҳои тоҷикро дида, аз манъи фонограмма дар фаъолияти онҳо худдорӣ намудаанд.

Шамсиддин Орумбекзода иброз намуд, ки барои маҳдуд кардани фонограмма чандин бор иқдом гирифтаанд, вале мутаассифона имрӯз барои бидуни фонограмма хондан на овоз ва на ҳунари сарояндаҳо басанда нест.

Ба қавли вазири фарҳанг, барои он ки фазои санъати имрӯза комилан холӣ нагардад, айни замон фаъолияти сарояндаҳоро бо фонограмма манъ накардаанд.

Номбурда мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, агар фонограммаро манъ созанд, фаъолияти бисёре аз сарояндаҳо маҳдуд мегардад: “Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, ки дар бисёр кишварҳо фонограмаро комилан манъ кардаанд, лекин дар вазъияте, ки мо имрӯз бо аҳли ҳунар қарор дорем, маҳдуд кардани он метавонад бисёр мушкилотро барои сарояндаҳо эҷод кунад. Бино бар ин, ҳоло муносибати мо дар ин маврид як вазъияти номуайянӣ дорад.”

Вазири фарҳанг илова намуд, ки дар маҷмӯъ, минбаъд барои пешгирӣ намудани фонограмма чораҳо меандешанд, то ҷомеа фаъол шавад ва сарояндаҳо барои бе фонограмма хондан омода гарданд.

Шамсиддин Орумбекзода бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар як давраи муайян аксари сарояндаҳои тоҷик ба ҳамин равия (фонограмма) равона гардиданд, ки мутаассифона имрӯз ҳунарашон бе истифода аз он басанда нест.
Мӯҳр
Ин аддешарони дуруст аст бояд пеши ин корро гирифт????

Мухаммад
Хатман ин конунро бояд чори кард ва онхое ки овоз надоштан ва мардумро фиреб додаанд ба чавобгари кашида шаванд бигзор 1-то 2-то монад арзанда монад.

Калбак
Барои мо факаш нест, чи усулро истифода мебаранд. Асос, вазифаи сарояндагии худро ичро кунанд, ин хам бошад - овози фораму дилнишин., Чи, ягон чиз каму зиёд мешавад аз ин рафтор.

Махмадулло
Муранд бо ин хунарашон

ШАРМ НАДОШТА 100 СОМОНБА КОНЦЕРТ ДОДА, ФОНОГРАММА МЕХОНАД, А НИГИНА АМОНКУЛОВАШ САР КАДА ТО ДИГАР ПСЕВДОЗВЕЗДАХО, ВАЗИРИ ФАРХАНГ БОШАД ФИКРУ ХАЕЛ КАДА МЕГАДАД, ВАЗОРАТИ ФАРХАНГ БАРОИ ЧИ ДАРКОР, (ЗАЧЕМ НАМ МОРСКОЙ ФЛОТ КОГДА У НАС НЕТУ МОРЯ).....

Харчи тезтар бояд пеши ин рохи бад гирифт.Вазорати фарханг,ки пешбарандаи ин кор дар кишвар аст бояд бо пешниходи мушахас ва тартиби манъ кардани фонограмаро муайян карда барои тасдик ба Хукумати ЧТ пешниход намояд.Барои ин танхо фаросат ва дониши маъсулини вазорат зарур аст.Зеро хануз соли 2006 карори Хукумати ЧТ оиди манъ кардани фонограма баромадааст,вале тартиби то ба хол муаян нест.Агар ин хаминтавр рафтан гирад дар Точикистон хама санъаткор мешавад.Окибаташро вазорат бояд андеша кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)