Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

Лату кӯби Хуршеди Атовулло дар рӯзи иди Фитр

1 сентябр 2011, 05:44

Пас аз зӯҳри 31-уми август вақте дар саросари Тоҷикистон аз иди саиди Фитр таҷлил мекарданд, дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» ва ҳамроҳони ӯ мавриди лату кӯб қарор гирифтанд.

Тавре худи журналист ба хабаргузории «Озодагон» зимни як сӯҳбати телефонӣ иброз дошт: «Мо чанд нафар ба табрики рафиқону пайвандон мерафтем. Ин буд, ки як худрави сафедранги тамғаи ВАЗ-06 бо рақами давлатии У 21 37 РТ аз маҳаллаи 104 то ин ҷо маҳаллаи 102 ман ва ду тан аз ҳамроҳонамро таъқиб карданд ва ниҳоят пеши мошини моро гирифтанд ва вақте ки аз мошин фаромада пурсон шудем, ки чаро чунин мекунем, бе ягон сабаб бо калтакҳо моро лату кӯб карданд».

Дар ҳамин ҳол, масъулини шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, ки ҳодисаи ҳамла ба журналист ва ёрони ӯ дар қаламрави ин минтақа сурат гирифтааст, мегӯянд, албатта лату кӯби шаҳрванд новобаста аз он ки ӯ чӣ кора аст ва ба кадом хотир ин ҳодиса рух додааст, пайгирӣ хоҳад шуд. Аммо то ин замон дар қиболи муҳоҷимин парвандаи ҷиноӣ бо далели дар даст надоштани санади ташхиси тиббӣ боз нашудааст.

Зимнан, Хуршеди Атовулло гуфт, ӯ аллакай дар маркази миллии табобат ва тандурустӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштааст ва натоиҷи он имрӯз ба мақомоти марбута пешниҳод мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки кулли ҷомеъаи журналистӣ ва созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорони кишвар аз ин қазия изҳори нигаронӣ карда, ҳар чӣ зудтар пайдо кардани муҷриминро аз масъулини ҳифзи ҳуқуқ тақозо доранд.

Ёдрас менамоем, як ҳодисаи ба ин монанд ҳанӯз чанд моҳ қабл дар қиболи Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» (нашрияи ҲНИТ) сурат гирифта буд, аммо бо гузашти 7 моҳ дастандаркорон ва иҷрочиёни сӯйиқасд ҳанӯз боздошт нашуда, шахсияташон муайян нагаштааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!