Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:17

Эмомалӣ Раҳмон: Талаботи касбии донишҷӯёнро ба назар гиред

1 сентябр 2011, 05:46

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил субҳи имрӯз аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дидан кард.

Зимнан, аснои мулоқоташ президент дар ҳузури устодон ва донишҷӯёни ин мактаби олӣ гуфт, яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омӯхтани илму дониш мебошад. Вақте инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо ба вазорати маориф ва сохтору муассисаҳои марбута супориш дод, ки то охири соли равон талаботи касбии ҳар як ихтисосро мавриди омӯзиш қарор дода, вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ санадҳои дахлдорро дар таҳрири нав пешниҳод намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!