Бахшҳо
23 июл 2014 09:34Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Оҷонсӣ мегӯяд, Қудратов барои пешниҳоди 2,5 ҳазор $ ба Низомов муттаҳҳам мешавад

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав”-ро бо нашри иттилоияе шарҳ дод. Ин ниҳод мегӯяд, Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, Қудратов гӯиё ба хотири ҳалли як баҳси додгоҳӣ ба нафъи Амиралӣ Суламаев, зерҳимояи худ, ки дар тақаллубкорӣ айбдор мешавад, ба Шерзод Низомов додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гӯиё 2 ҳазору 500 доллар ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, Қудратов ҳангоми гирифтани маблағ аз зерҳимояаш рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар назди ошхонаи “Шаҳризода”, воқеъ дар шафати бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯи кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.

“Қудратов ба ҳайси адвокат, дар асоси ордери № 000658 аз санаи 9 июни соли ҷорӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои судшаванда – Амиралӣ Суламаевро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки мавриди баррасии судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шерзод Низомов қарор дошт, ҳимоя намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ, Қудратов 2,500 доллар ба сифати пора ба шахси мансабдор, яъне судя Низамов барои баровардани ҳукми сафедкунанда пешниҳод намудааст”,-омадааст дар иттилоия.

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар мегӯяд, ин вакили мудофеи маъруфи тоҷик ба хотири содир кардани “ҷинояти вазнин” дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр
Рустам
Окибаташ ба хайр бод! Аммо дар замони хозира ки пора намегирад. Моро чунин тарбият додаанд, ки пора гирему ё пора тием!

Навори лахзаи гирифтану додани пораро нишон диханд агар рост бошад, агар не бовар надорем ба изхороти Очонсии зидди фасод

Abdulloh
инхам мисли зиндониёни кабли бо дуруг муттахам кардед

Шархи расмии ин макомотро оиди ин казия хонда бисёр хандаам омаду худ ба худ гуфтам Худоё ин чи бесаводиву бедодгариву зулму ситам,ки дар чои ходиса бо факту далел бо бардоштани навор бо далелхои шайъи содир бояд шавад аммо Сарконуну дигар санадхои меъёрии хукуки дигар мисли пули шурави курбашро гум кардааст агар Шухрат ин чиноятро содир карда бошад мисли дигар дастгиршудагон бо ин модда барои чи навори содиршавии чиноят мавчуд нест барои чи ? дигар чои шубха нест ,ки ин хушдари макомот барои дигар равшанфикрон мебошад аммо хамаро хабсу халок карда намешавад бори дигар мегуям дар Точикистон сохиби мансаб шудан бо рохи Ришвадихи сурат мегирад ана баъди сохиб шудан ба мансаб мебини .ки ин мансабдор хуни мардумро мисли ВАМПИР мемакад хайфи давлату миллат ....Аспи този шуда мачрух ба зери полон .Тавки заррин хама бар гардани хар мебинам.....

ханифа
дуруг мегуяд очонси ба хама маълум барои чи уро боздошт карданд

Озодагон. чаро аксхои ин ду нафарро пинхон мекуни? метарси? бигзор халки точик шиносад дусту душманашро. чоп кун тахкир нест хакикат!

ин дуруги махз аст ва инро хама медонанд.уро барои дифои зайд тухмат мекунанд.

Ozodi ba Shuhratjon Qudratov. Bas zulmu sitam ba mardumi oddi. Poraxuroni hakikiro ba mahkama kashed!!!

Ozodi ba Shuhratjon Ozodi ba Shuhratjon Ozodi ba Shuhratjon !!!

анас
манбаъи пора худи корупсия хаст ина хама медонанд

йй
Хамин суратам монтаж кардед ! Офарин

Далер
Хой хукумат! Хайфи ин гуна адвокат шавед. Шумо рафта миллионхо доллар дар судхои Лондон сарф мекунед. Вале адвокатхои росткавлу ростгуи худро дастгир мекунед. Наход хукумат аз адвокатхои худаш метарсад, ки дутои онхоро аллакай хабс намудааст. Яъне тарс хаст тарс!!!

Сино
Тухмат аст тухмат !!!

шахрванд
як гапай ки ин суду дигару дигар бе пора кор намекунанд. Хамин Коррупсия худаш якум порахур. Баъди чанг ба хама бесавод вазифа расид хаминхел мешавад. Ба Худо касам ягон кас ба нияти пешрави ба кор намедарояд. Хама барои порагири кор мекунанд.

tojik-1
Боиси таассуфаст, ки дар Точикистони мо на Мулло кадр дораду, на Депутату на Адвакат ....!!!

Боиси таассуфаст, ки дар Точикистони мо на Мулло кадр дораду, на Депутату на Адвакат ....!!!

Боиси таассуфаст, ки дар Точикистони мо на Мулло кадр дораду, на Депутату на Адвакат ....!!!

02
гаи-ра да фахробод намебине халташ-кати ба управленияра рои мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)