Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:52

Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар шаҳри Кӯлоб

5 сентябр 2011, 06:18

Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод чанд лаҳза қабл ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карданд.


Тавре ба «Озодагон» хабарнигори маҳаллии хабаргузорӣ иттилоъ дод, интизор меравад, раҳбарони Тоҷикистон ва ҷумҳурии исломии Эрон хӯроки нисфирӯзиро дар шаҳри Кӯлоб тановул карда, сипас ба Душанбе баргарданд.

Маврид ба ёдоварист, субҳи имрӯз (5-уми сентябр) Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ба истифодадиҳии чархаи аввали нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-2» ширкат ва суханронӣ карданд.   Иқтидори  «Сангтӯда-2» 220 мегаватро ташкил дода, рӯйи рӯдхонаи Вахш бунёд мешавад. Барои амалӣ намудани тарҳи мазкур Эрон 180 миллион ва Тоҷикистон 40 миллион сомонӣ ҷудо карда, дар маҷмӯъ 220 миллион доллар масраф мешавад. Аҳмадинажод умед кард, ки ба истифода дода шудани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дастрасии мардуми тоҷикро то охири ҳамин сол ба нерӯи барқ осонтар хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон онро тӯҳфаи хуби идонаи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Эрон бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба мардуми ин сарзамин унвон кард. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!