Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:43

4-уми сентябр дар Тоҷикистон «Иди китоб» таҷлил мегардад

3 сентябр 2011, 06:22

Дар Тоҷикистон аз ин пас санаи 4 сентябр рӯзи китоб таҷлил мегардад.


Дар китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир ба ин рӯз, зери унвони «Китоб -шиносномаи миллат» маҳфили илмию адабӣ сурат мепазирад, ки дар он аҳли илму фарҳанг ширкат мекунанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз китобхонаи мазкур хабар доданд. Дар маҳфил доир ба нақш ва мақоми китоб дар тасвиру тарғиби дастовардҳои истиқлолияти ҷумҳури нашру ба табърасонӣ ва мутолиаи китоб дар даврони истиқлолияти давлатӣ маърӯзаҳо хонда мешавад. Ҳамчунин, дар доираи баргузории маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Сабақи китоб» барномаи театрикунонидашуда намоиш дода хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз сӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул гардида буд, ҳамасола дар кишвар 4 сентябр ҳамчун рӯзи китоб таҷлил мегардад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!