Бахшҳо
24 июл 2014 16:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Қонуншиканиеро дар Babilon ошкор накардаем (ВИДЕО)

Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти “Babilon-mobile” зери назорати қатъист ва то ҳол қонуншиканиеро аз ҷониби ин ширкат сабт накардаанд.

Раҷабзода имрӯз, 24-уми июл дар ҳузури хабарнигорони хориҷию дохилӣ гуфт, фаъолияти “Babilon-mobile” ҳамчун яке аз ширкатҳои ҳукмфармои соҳаи алоқаи мобилӣ пайваста зери назорат буда, тамоми нархномаҳояш бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мешаванд: “Тарофаҳои ин ширкат бо назардошти хароҷоти воқеияшон ба тасвиб расонда мешаванд. Натиҷаҳои санҷиши ахири ин ширкатро мавриди омӯзиш қарор додем ва то ҳол чунин ҳолате, ки тарофаҳои худашро ба хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа накардааст ё тарофаҳои тасдиқкардаро риоя накардааст, ошкор накардаем. Омӯзиши натиҷаҳои санҷиш, аз ҷониби мо то ба охир нарасидааст, аммо тибқи хулосаҳое, ки дорем ҳамаи нархномаҳо аз ҷониби ширкати “Babilon-mobile” дар соҳаи алоқаи ҶСМ риоя шуда истодааст”.

ВИДЕОИ 1, ВИДЕОИ 2

Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, 21 июл дар нишасти матбуотии кумита гуфта буд, ки ҳангоми санҷиши онҳо қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар ошкор кардаанд. Аз ҷумла ширкати мобилии Бабилон (Babilon) ба гуфтаи Давлатзода, нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории кишварро риоя накардааст.

Раҷабзода бо зикри ин изҳороти роҳбарияти мақомоти андоз таъкид намуд, ки мо низ мехоҳем дақиқ кунем, ки баҳс барои риоя нашудани кадом тарофаҳо сар задааст: “Кӯшиш мекунем, ки ҳам бо ширкати “Babilon-mobile” ва Кумитаи андоз маълумоти заруриро дастрас намуда, ин масъаларо тибқи ваколатҳои худ пайгирӣ намоем.”

Бехабарии раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳолест, ки роҳбарияти “Бабилон Мобайл” (Babilon-Mobile) изҳороти ахири Нусратулло Давлатзода – раиси Кумитаи андози Тоҷикистонро дар бораи он ки мехоҳанд аз ин ширкат 341 миллион сомонӣ қарзашро биситонанд, беасос донист.

Масъулони Бабилон рӯзи 22 июл бо нашри баёняие гуфтанд, “ин иттилоъ беасос аст, чунки ширкат фаъолияти худро комилан мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ мондааст”. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ширкат барои ҳифзи манфиаҳтҳои худ ба додгоҳ муроҷиат намудааст.

“Ширкат аз чунин даъвою иттилооти роҳбари Кумитаи андоз дар ташвиш аст, чунки Кумита бо ширкатҳои мобилии дигар низ даъвоҳо сари супурдани андоз дорад, аммо оид ба онҳо чизе гуфта нашуд. Чунин маълумот танҳо нисбат ба “Вавилон-Мобайл” паҳн шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Кумита бо ширкат муносибати ғаразнок дорад”,-омадааст дар баёнияи масъулони Бабилон.
Мӯҳр
Сайдамайда
Хар КИ, хар чи КУ! Намешавад, ки дар якчояги мувофика карда , баъд изхорот пахш кунед.

Хама ин бадбахтихо баъд аз кабули Кодекси андози нав ба вучуд омад, ки бори гарони андозро ба души сохибкорон бор кард, вале аз хама дахшатовар он аст, ки Кумитаи андоз наметавонад аз ширкатхои зиёди наздик ба табакахои болои хукумати андоз ситонад. Ин аст, ки таоми гаронии андозро ба души ширкатхое бор мекунад бе ин хам хама гаронии андоз ба души онхост. То он дарачае ки аз матбуот огохем ширкати сохтмонии писари Кумитаи андоз хатто андози соли 2013-ро то мохи апрел насупорида буд.
Ба фикрам Давлатзода ин ширкатро муфлис кардан мехохад ва ё шояд аз боло супориш шуда бошад. Вагарна эълони чунин маблаг шухи нест

иноят
ин писари ки бошад? е чияни ки бошад?
дар ин хукумат ягон вазифа ба нафаре ки савод дорад намерасад!

Харчи набошад боз як дуруги Раиси Кумитаи андоз фош шуд, ки ва аз изхороти носанчидааш дарак дод. Нав шунидем, ки Кумитаи андоз ширкатхоро барои гунохе чарима мекунад, ки ба салохияти у нест.
Лекин чавоби раиси хадамот айни муддао шуд.

tajnomus
ЮТУБРО МАХКАМ КАРДЕД ОК-РО МАХКАМ КАДЕД ИХО ХАМ АЗ АНДОЗ КАРЗДОР БОШАНД, ХАМИН НУСРАТУЛО ХЕШИ БЕГ НАБОШАД!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)