Бахшҳо
25 июл 2014 07:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Барои дарёфти “сертификат”-и кор дар Русия муҳоҷирон бояд аз 40 савол ба 16-тои он ҷавоби дуруст бидиҳанд

Муҳоҷирони кориро зарур аст, барои соҳиб шудан ба иҷозатнома ё “сертификат”, ки ҳаққи кор дар Русияро барояшон медиҳад, аз 40 саволи фанни забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия ба 16-тои он ҷавоби дуруст бидиҳанд. Дар ин бора “РИА Новости” бо такя ба суханҳои Анжела Должикова, муовини ректори Донишгоҳи дӯсти халқҳои Русия оид ба таълими изофӣ хабар додааст.

Сар аз 1 сентябри соли равон муҳоҷирони корӣ имкон доранд, барои дарёфти “сертификат” дар Русия имтиҳон супоранд. Имтиҳонҳо дар 385 маркази тестӣ, ки асосан дар пойгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Русия фаъоланд, қабул мешаванд. Ин иҷозатномаҳо 5 сол муҳлат хоҳанд дошт.

“Аз таърих танҳо кифоя аст, ки аз 20 савол ба 40 дар сади он, яъне 8 ҷавоби дуруст дода шавад. Аз қонунгузории Русия ҳам ҳамин миқдор кофист”, - гуфтааст Должикова.

Ба гуфтаи ӯ, барои имтиҳон дуюним соат вақт дода мешавад. Утоқе, ки муҳоҷирон имтиҳон месупоранд аз сӯи нозирон ва камераҳо назорат мешавад. Маълумот дар бораи афроде, ки имтиҳон месупоранд ба пойгоҳи электронии Рособрнадзор ворид хоҳад шуд. Эҳтимол дорад дар оянда ба ин пойгоҳ корфармоҳо низ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ёдовар мешавем, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия аз 1 январи соли 2015 аз муҳоҷироне, ки дар қаламрави ин кишвар кор кардан мехоҳанд, сертификати супурдани имтиҳонҳоро талаб мекунад. Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.
Мӯҳр
Афанди
Ин худаш чи гап.Рособрнадзор мардуми мухочира дар катори шахрвандони Русия ба супоридани ЕГЭ мачбур месозад. Мантикан ин амал хатост ва поймоли хукуи мухочират мебошад.Хуб мешуд, ки аввал курсхои омузиши барои мухочирон ташкил мекардан, ана баъд талаби Сертификат ва талафи он боадолатона мешуд.

Justice
Афанди,
Курсхо барои мухочиронро бояд шахсони ба мухочират мерафта дар ватани худ омузанд. Чи, акнун Руссия онхоро хам бо кору маош таъмин кунад ва хам миллионхо рубль барои омузгорон сарф карда дарс омузад?
Икдоми дуруст. Баъди оне, ки мардуми мо сохиби савод шуда ба Руссия мераванд, хар гуна тахкирхо ба мисоли "Равшану Джамшуд" аз байн меравад.

Хоча Афанди
Justice, Русоба ки коргар даркор бошад, маблагузорира ба зимма гиранд. Аз руи конунхои Бозаргони -Спрос и Предложение.

Саксония
Тахкири Чамшуду Рвшан аз байн нахохад рафт.То он замоне,ки ба чомеъаи Рус исбот насозем,ки чанги соли 92-97 ин на чанги точик бо точик,балки чанги турку точик буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)