Бахшҳо
25 июл 2014 08:57Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Қарори ҳабси думоҳаи Қудратов, рӯбарӯкунӣ ва шикояти Раҳматилло Зоиров

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ қарори ҳабси Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси боздоштшудаи тоҷикро содир намудааст, ки тибқи он Қудратов бояд давоми тафтишоти парванда алайҳи ӯ дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ шавад.

Дар ин бора ба “Озодагон” Раҳматилло Зоиров, вакили мудофеи Шуҳрат Қудратов хабар дода, афзуд, ки аз болои ин қарори додгоҳ шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.

Зоиров афзуд, ки аллакай ҳам бо намояндагони Оҷонсии фасод ва ҳам бо худи Шуҳрат Қудратов мулоқот кардааст ва чанд рӯбарӯкунӣ низ сурат гирифтаанд: “Қудратовро бо зерҳимояаш ва як шоҳиди дигар рӯбарӯ карданд. Дар нишондодҳои онҳо бисёр номутобиқатҳо аст ва ҳоло суолҳо хеле зиёданд. Фикр мекунам, ки дар чанд рӯзи наздик қазия рӯшан хоҳад шуд.”

Зоиров дар мавриди бардошташ аз ҳолати Қудратов дар боздошт таъкид намуд, ки гарчанде ҷабрдида аст, руҳияи устувор дорад.

Қаблан Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав”-ро шарҳ дода, афзуд, ки Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, Қудратов гӯиё ба хотири ҳалли як баҳси додгоҳӣ ба нафъи Амиралӣ Суламаев, зерҳимояи худ, ки дар тақаллубкорӣ айбдор мешавад, ба Шерзод Низомов додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гӯиё 2 ҳазору 500 доллар ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, Қудратов ҳангоми гирифтани маблағ аз зерҳимояаш рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар назди ошхонаи “Шаҳризода”, воқеъ дар шафати бинои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯи кормандони ин ниҳод боздошт шудааст.

Аммо Зоиров дар шарҳи боздошти Қудратовр бо 2500 доллар, ки гӯиё ба сифати пора ба додрас пешбинӣ шудаанд, таъкид намуд, ки ин “фантастика” аст. Қудратов шахси мансабдор нест, ки тибқи моддаҳои 319 ва 320 таъқиб шавад. Ин, кӣ гӯиё маблағҳо барои додани пора пешбинӣ шудаанд, як чизи исботнашаванда аст.”

Феълан бино ба иттилои расмӣ, алайҳи Шӯҳрат Қудратов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр
Да конечно ФАНТАСТИКА! Ин супориш аз БОЛО аст. Локин хабар надоранд ки назди аз хама болотар назди АЛЛОХ меранд

аз Панчакент
Панчакентихоро бо дасти панчакентихо хабс карда истодаанд. Духтаре, ки барои шаъну шарафаш аз Кудратов 200 000 ба воситаи суд руёнид ва Зайдро пушти Панчара бурд аз Панчакент буд. Инак Шерзод Низомов низ писари бастакори точик Низомов буда, у низ аз Панчакент аст ва худ Кудратов низ панчакенти аст. Офарин ба Панчакентихо.
Шояд ба Шерзод Низомов мансабе ваъда карда бошанд ва баъди ин хатман вазифа хам медиханд.
Дигархо хамшахрихои худро факат ба суи мансаб баранд, шумо ба махбас кашед. Офарин хамшахрихо.

Агата Криста
ОФАРИН, ба ДОДРАС Шерзод Низомов барои ПАРХЕЗКОРИАШ. Ана хаминтавр Додрасхо бояд ба Ватану Миллат ва Конун - содикона хизмат кунанд.

Агата Криста,
ХЭ гуфти да бародар........2,5 хазор буд пархезкори кард хозир камтар зиедтар мебуд чон чон гуфта дар чайбаш мезаду ба ягончо хабар намедод!!

Бегназар
Ду се гусолаи ... подая харом кардаст мегун ин хел гусолахо номи мардуми шарафманди Панчакентро паст мекнанд, хай багуфти руссхо "Семя без уродов небивает" хамаи ин корхо бо ташабуси

аз низомов чунин умед набуд лек ба фикрам мансаб ваъда кардаанд магар ки ба ин кори тухматкуни даст задааст, афсус. Аслиддин Низомовро кайхо медонам хамчун марди бофархангу хирад. вале фарзандаш инро чаро кардааст, дар Панчакент ба баъдан чи тавр зиндаги мекуни?

Торичелли
Ин чомеъа дар хакикат пусида рафта истодааст.Хама медонанд,ки тамоми дунё точиконро имруз хандида Чамшуд мегуянд.

110
Рости ман таъачуб мекунам ба ин системаи давлатдории точикистон. Магар идаъо намекунед ки демакратия дорем. Пас кучо шуд демакратия.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)