Бахшҳо

Пешниҳоди таъсиси як кумисюн барои қабулу тақсими садақаи Фитр

Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон пешниҳод кард, барои қабул ва тақсими садақаи фитр дар кишвар як кумисюн аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ташкил карда шавад.

Холиқзода зимни як барнома тавассути шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” шоми 24 ба 25 июл гуфт, ташкили чунин як кумисюн аз ҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар барои тақсими дурусти садақаи фитр манфиатовар мебошад, чун масъулини ин ниҳод омору руйхати дақиқи камбизоатонро доранд.

Дар ҳамин ҳол, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки дар ин барнома ширкат дошт аз ин пешниҳоди Холиқзода истиқбол карда, онро ба манфиати кор донист. Абдулқодирзода аз он ибрози нигаронӣ кард, ки бархе аз сокинони кишвар донистаю нодониста садақаи фитри худро ба ҷои фақирон ба афроди дорову имомон медиҳанд. Ӯ дар идома худро ҳамчун намуна мисол оварда, илова намуд, “барои мисол ҳар нафаре ба худи мо ё Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар арафаи Иди фитр хайру садақоте мекунад, ҳамаи онро ба камбизоатони гирду атрофи масҷид мебахшем.

Ин пешниҳоди раиси Кумита оид ба корҳои дин барои ҷамъоварӣ шудани садақаи фитри мусулмонони Тоҷикистон аз сӯи як кумисюни давлатӣ дар ҳолест, ки Муродулло Салимов - як корбари торнамои “Озодагон” бо ирсоли номае навишта буд, аз онҳо хоҳиш шудааст, то фитри рӯзаашонро ба имоми деҳа бидиҳанд.

Ба навиштаи Салимов, гӯиё ин “хоҳиш”-ро аз раиси маҳаллаи онҳо карда, гуфтааст, ҳатто дар ин бора фармоне низ аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ шудааст: “Дар як деҳаи Файзобод мусофир шудам. Қабл аз намози таровеҳ раиси маҳалла эълон кард, ки тибқи амри ҳукумат ҳамаи сокинон бояд маблағи фитри рӯзаи худро ба домуллои деҳа бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар маҷлиси ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки ин фармон аз “боло” аст. “Фитри рӯза барои як нафар 4 сомонӣ муайян шудааст. Дар як оила агар 4 кас бошад, 16 сомонӣ мешавад”,-гуфт раиси маҳалла ва идома кард, домулло бояд як рӯйхат карда ҳамаи онҳоеро ки фитри рӯза медиҳанд, номнавис кунад: “Ҳама бояд фитри рӯзаро ба домулло бидиҳанд. Домулло рӯйхат карда ба ҷамоат мебарад. Дар маҷлиси ноҳия гуфтанд, ки ин маблағҳоро ҷамъ карда, дубора дар конвертҳо ба деҳаҳо бармегардонем”.

Садақаи фитр ё худ фитри рӯза навъи вижаи хайре дар дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки мусулмононро лозим аст, онро бо поён ёфтани моҳи шарифи Рамазон анҷом диҳанд. Ҳар сардори хонаводаи мусулмон бояд аз номи худ ва сари ҳар фарди оилаи ноболиғаш миқдори муайяни молро ба унвони “Садақаи фитр” пеш аз рафтан ба намози ид ба мардуми ниёзманд садақа кунад. Бар асоси фиқҳи исломӣ, фитри рӯза ба ҳар фарди мусалмон, озод ва соҳиби нисоби закот фарз мебошад. Тибқи қарори имсолаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон садақаи фитр сари ҳар як инсон новобаста аз синну сол 4 сомонӣ муайян шудааст, вале афроди доро метавонанд, аз ин зиёд тақдим кунанд.
Мӯҳр
Лули
Садака раъди бало, ба кавли РАСУЛИ ХУДО. Амалиёти додани Садака чунон бояд сурат бигирад, ки дасти ростат аз дасти чапат дар хичолат набонад.

манучер
ин мукарам бехи манои гапша намефама мега дониста надонисста садакаи фитро ба имомон е мардуми доро медиханд боз бадтар мега ба мо медихан мо ба камбагалон медихем худо медона мети е намети намешава км бугуй ки ба мардуми нодор дастшон намерасидаги бтен мегири да киса мезани

Точик
Садакаи фитр-ро аввал ба хешу табори камбагал, 2 ба хамсояи кабагал, 3 ба хамдеха ва е хаммахаллаи камбагал додан даркор аст. Агар ин ин гурух набошад баъд садакаро ба ягон ташкилоти чвмъиятии исломии мавриди эътимод медиханд ки берун аз минтака е кишвар ба камбагалону мухточон расонанд. Дар шароити Точикистон ки камбизоату мухточ зиед аст бояд хар кас ба хешу табор, хамдеха ва е хаммахаллаи худ дихад. Додани садака ба дасти мансабдори хукумати ба хеч вачх дуруст нест. Зеро кариб хама медонанд ки аксари онхо ахли такво, намозу пархезгору Худотарс нестанд. Аксарияташон порахуру Худонотарс хастанд. Аслан як кишвари низоми дуняви дошта чаро ба ибодати мардум дахолат мекунад. Хак надоранд тибки конунхои худашон баровардаги дахолт кунанд. Агар рафту имоми панчвактаи махал ки аз хукумат барои имоми маош намегирад, камбагал хам хаст, яъне закотдиханда нест, агар садакаи фитро гирад чи зараре дорад??? Охир ин муллои бечора хамеша дар хидмати мардуми хамин махал аст. Хусусан дар рузхои норохати. Баъзе вакт то ду се руз болои шахси вафоткунанда ки фарзандонаш мегурезанд, нишаста есинхони мекунад, вафот кунад манахашро мебандад кафан мекунад, мешуяд боз чанд рузи дигар дар таъзия хозир аст. Магар барои ин хама хидматхояш агар садаи фитро диханд чаро мансабдорони хукумати моро зур меомадааст. Хамин хел мулло бадбини, мулло сиехкуни идома ебад бовар кунед баъди чанд сол на имоми панчвакта мейобеду на манахбану мурдашуй!!!

Абдували.
Ин хукумати бесавод то ба кай дар корҳои шахсии ҳар як фарди озод даст мезада бошад.Охир корҳои ободони ва некуаҳволии халқро монда ба садақаю туйу маросиму намозхони ва бо ки издивоҷ кардан туфлии пошнабаланд пушидан чиро хондан чиро хурдан чи кадар хурдану дар куҷо хондан........эй истеъфо бар шумо навдавлатони бемаърифат.

Рамазон
Ин окои муфти аз КАЯМИНИКИ кинои ХОМИЁН гузаронд неке

Сай
бехтараш садакро хар касе, ки имконият дорад ба ятимону факирон такдим кунанд ва аз ин садакаи онхо тамоман раиси махаллаву имоми махала пай набарад, ки вайфакири бечора дар бало мемонад! Давлати мо чунин мутахам шудааст, ки хато садакаи мардумро ба контроли худ дароварданист! Ин муфтхури то кая дар мо давом мекарда бошад. Аврупову Амрико ба чи кор машгуланду мо бошем то хол одоби тахорати одди ва коидахои элементарии исломиро ба сатхи чумхурияви баровардем магар дигар кор надорем мо? Мардум Чопонро бинед дар Олимпиадаи соли 2020 мухорибаи роботхоро ба рох андохтанист (олимпиада роботов) Амрико ба омузиши ситорахову чирмхои осмони машгул аст. Аврупо бошпд алакай 20 сол пеш дар зери бахр шарбунедкуниро омухтааст. Аммо сад афсуски ин президенити мо моро дар давоми 22 сол ба кучо оварду ба кучо бурдаистодаст!!! Магар аз хамин кадар камбудихо президент ошкоршавию ба тарики интернет пахншави Рахмонро нигарон намекарда бошад! Дар туи писараш тамоми хофизхоро бурд! магар танзими маросимро, ки худ бо як тантана кабул кард аз ёд баровард? Хукумов аз командаи президент ва аз авлоди уст! Писари калониаш дар Руссия бо маводи нашъаовар дастгир шуд ва аз руи вай хазорхо точики бегунох депорт шуданд! Писари хурдиаш се нафарро кушт ва се нафари дигарро инвалид кард ва бо супоридани 120 сомони аз чавобгари халос шуд! Худи Хукумов ба журналистон тахдидона гуфт, ки: "ба чони худатон чабр накунед" Хусурбачаи президент дар Шахритус аз як сохибкор бозорашро зада гирифту . бОЛИ ИН ХАМА МАРДУМИ ХУДАМОНРО БО ХУДАМОН ЧАНГ АНДОХТЕСТАН ХАРРУЗ ЯК ФОХИША Ё ЯГОН ЧОДУГАРРО АЪЗОИ ХНИТ-ГУФТА НАХЗАТИХОРО ТУХМАТ МЕКУНАНД! бА ЭМОМАЛИ РАХМОН гуфтаниям, ки вазифаро гирифти!!! кор кун,

Муаллим
Боз хам фиреб суистифода аз арзшхои дини ба манфиатхои шахси ва гурухи,инхам дар холе ки хакитмти динро ба бози гирифтаанд.Мехоханд аз ин фоида баранд, ба амонатдории инхо бовар надорам.Масрафи садакаи фитр аз тарафи шариъат возех аст .Ниезе ба камисия надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)