Бахшҳо

Эълони вақт ва макони баргузории намози Иди Фитр дар Маскав ва атрофи он

Намози Иди Фитр дар рӯзи душанбеи 28 июл дар 8 минтақаи шаҳри Маскав ва 28 минтақаи вилояти тобеи он баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии департаменти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, сиёсати миллӣ ва иртибот бо созмонҳои диннии пойтахти Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, намози ид дар чор масҷид ва чор нуқтаи иловагӣ, ки бо чодарҳои махсус пӯшида мешаванд, гузошта мешавад. “Рӯзи Иди Рамазон, 28 июл, аз соати 7:00 то 11:00 намози ид дар ҳамаи чор масҷиди шаҳри Маскав анҷом мешавад. Аммо ин масҷидҳо имкони ҷой намудани ҳамаи ибодаткунандаҳоро надоранд. Ин ҳолат сабаби нороҳатии ҳам намозгузорон ва ҳам афроде мешавад, ки дар кӯчаҳои наздик зиндагӣ мекунанд. Солҳои охир бо пешниҳоди созмонҳои диннии мусалмонӣ намозҳои ид ҳамчунин дар ҷойҳои муваққатан ҷудошуда баргузор мешванд”,-афзудааст манбаъ.

Онҳое, ки мехоҳанд намози идро дар пойтахти Русия ва атрофи он гузоранд бояд бо худ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд: “Ба ибодаткунандаҳо ихтиёриёни Шӯрои муфтиёти Русия, ки забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ ва қирғизиро баланданд, кӯмак хоҳанд кард. Онҳоро аз “бейҷик”-ҳояшон мешавад шиносоӣ кард”.

Дар вилоятҳои назди Маскав бошад, намози ид дар 28 минтақа хонда мешавад, ки миёнашон 6 масҷид, 2 ибодатгоҳ ва 20 ҷои муваққатан ихтисосёфта мебошанд. Оғози намоз аз соати 7:00 то 8:00.

Иди Фитр дар Русия мисли Тоҷикистон 28 июл ҷашн гирифта мешавад.

МАСКАВ. Минтақаҳое, ки дар он намози ид гузошта мешавад:

Масҷиди ҷомеъи Маскав (оғоз 7:00);
Масҷиди ёдбуд (оғоз 6:30);
Масҷиди таърихӣ (оғоз 9:30);
Масҷиди Ёрдам;
Минтақаи Бутови Ҷанубӣ (кӯчаи Бутови Ҷанубӣ, наздикии маҷмӯаи солимгардонии “Изумрудный”. Оғоз 7:00);
Минтақаи боғи 60-солагии Октябр (стансияи метрои “Коломенская”, хиёбони Андропова, оғоз 7:00);
Минтақаи назди қасри варзиши “Москвич” (стансияи метрои “Текстильщики”, хиёбони Волгоград, х. 46/15);
“Павильон № 2” дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Сокольники” (стансияи метрои “Сокольники”).

ВИЛОЯТИ МАСКАВ. Минтақаҳое, ки дар он намози ид гузошта мешавад:

Шаҳри Ногинск, кӯчаи. Южная, х. 35 (масҷид);
Ш. Старая Купавна, кӯчаи дуюми Разина, х. 62 (ибодатгоҳ);
Ш. Наро-Фоминск, кӯч. Володар, х. 123 (масҷид);
Ш. Орехово-Зуево, кӯч. Лапина, х. 28 (масҷид);
Ш. Солнечногорск, кӯч. Екатерининская, х. 7 (масҷид);
Ш. Щелково, кӯч. Советская, х. 10 (масҷид);
Ш. Звенигород, кӯч. Новая, х. 29 (масҷид);
Ш. Балашиха, кӯч. Первомайская, х. 7;
Ш. Коломна, кӯч. Инқилоби Октябр, х. 324;
Ш. Мытищи, кӯч. Ульяновская, х. 53;
Ш. Подольск, кӯч. Высотная, х. 2;
Ш. Подольск, Шоҳроҳи Домодедово, х. 35 (ибодатгоҳ);
Ш. Сергиев Посад, кӯч. Долгокукуевская, х. 52А;
Ш. Электросталь, кӯч. Карл Маркс, х. 7;
Ш. Пушкино, кӯч. Набережная, х. 8 (қасри варзиши “Пушкино”);
Ноҳияи Люберетск, маҳаллаи Малаховка, кӯч. Комсомольская, х. 1А;
Ш. Воскресенск, кӯч. Дзержинского, х. 18;
Ш. Рошаль, кӯч. Фридрих Энгельс, х. 24/78;
Ноҳияи Сергиево-Посад, ш. Краснозаводск, кӯч. Горкий, х. 2;
Ноҳияи Домодедово, маҳаллаи Востряково, кӯч. Клубная, х. 1;
Ноҳияи Дмитров, ш. Яхром, х. 9А;
Ш. Егорьевск, кӯч. 50 солагии ВЛКСМ, х. 9А (маҷмуаи варзишӣ);
Ш. Можайск, кӯч. Отяков, х. 95В;
Ш. Железнодорожный, кӯч. 1 Май, х. 11В;
Ш. Химки, маҳаллаи Клязьма;
Ноҳияи Рамен, маҳаллаи Родники;
Ш. Электрогорск, кӯч. Некрасов, х. 32;
Ш. Лобня, д. 100.

Мӯҳр
Гулрухсор
Дар хакикат ин намози иди бузур дар москва чунон зебо гуашт, ки бовар намекунед, ки ин руссия хаст, тахминан кариб соати 10 шаб сар карда то соати 5 субх роххои москва шуста шуда бо оханхо роххои одамгузар аз мошингузар чудо карда шуд, бале хучатроро пурсидан ин барои он набуд ки онхоро ман кунан аз намозгузори ин барои бехатарии хаммаи мусалмонон буд. Бовар кунед вакте мебинед падар бо писари хурдсолаш табасумкунон ба намози ид мешитобанд ачоиб калби одам меболад худо шаваду хаминхел дар ватани мо барои гузоштани намози ид тайёри бинанду хар шахси дилхох рафта ибодаташро ба чо биёварад. Эй Аллохи бузург мо бандахои худро дар панохат нигах дор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)