Бахшҳо
25 июл 2014 11:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ифтитоҳи парванда барои омори дурӯғи пахтаю картошка дар Тоҷикистон

Агентии омори Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи се корманди худ хабар дод.

Гулнора Ҳасанова, раиси Агентии омори кишвар рӯзи 25 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ин се корманди оҷонсӣ дар изофанависӣ муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, инчунин се корманди Агентии омори кишвар ба хотири изофанависии ҳаҷми маҳсулоти картошка дар ноҳияи Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Нуробод аз вазифаҳои худ сабукдӯш шудаанд.

Барканорӣ ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи кормандони Агентии омори кишвар дар ҳолест, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад ва Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Аммо баъди ду-се моҳи ин ҳисоботи вазири кишоварзӣ нархи картошка яку якбора баланд шуда, як килои он аз 1,5 то ба 4,5- 5 сомонӣ барои як кило боло рафт.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе низ, ба Ворис Муродов - сардори Раёсати Агентии омори пойтахт дар робита ба фаъолияти ғайрикасбии ниҳоди зертобеаш дар арафаи моҳи шарифи Рамазон огоҳӣ дода буд.
Мӯҳр
Чурбанов
Изофанависии пахтачинои Узбак- Коммунизми Иттиходи Шуравиро сарша хурд.

Алибобо
Дар ин хукумат хамаи хисоботхояшон дуруг мебошад.Инхо ягон сухани рост надоранд,барои хамин бехбуди намешавад.

п
Айби омор чист? Айбдор Косимов хаст ки онхоро мачбур кардааст маълумоти дуруг диханд.

Шумо аклан як руз дар Омор кор кунед ба кадри коркунони омор мерасед

Тайсон
Тамоми хисоботхои омори дуруганд.Ин оморчиён гунох надоранд онхоро раисони шахру нохияхо ва вилоят мачбур мекунанд,ки хамасола хисоботхои омории дуругинро дар сохаи кишоварзи,сохтмон,саноат ва меъморию дигар амалхо нависанд.Ин аз руз равшантар аст.Гапи бехуда инчо як хара бор аст.

валичон
Тайсон,
Тайсон,
Тайсон,
Тайсон,
Тайсон,
Тайсон,
Тайсон,
ман хаминро гутаним дар оморхои шахру нохихо хамаги -2-3 наар коркар доранд чи хел хисобот чамовари мекунанд ки микдори корхонахо ва хочагихои дехкони 3552 мебошад ва коркарони моли бошад 13-16 наар мебошад

умар
п, Бародар ин кадар бесавод шудан лозим нест.Вазири кишоварзи Косимов хеч гох коркунони оморо мачбур кардан наметавонист чунки ин кумита ба у зертобех нест

Муаллим
Омор худ рақам пайдо намекунад. Омор он чи ки ҳаст (дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи хоҷагиҳо) ҳамонро ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст мекунад. Бесаводиро бинед ки изофанависиро айби кормандони омор мешуморанд! Чи магар Гулнора Ҳасанова аз илми омор огаҳ нест? аГАР ОГАҲ МЕБУД, НАМЕГУЗОШТ, КИ КОРМАНДОНАШРО БА СУД КАШАНД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)