Бахшҳо

“Ашк”-и Фарзонаи Хуршед баъди тавофи Каъба

Ширкати Daf Entertainment клипи нави Фарзонаи Хуршед, хонандаи попи тоҷикро муаррифӣ кардааст. Дар саҳифаи расмии Фейсбуки ин ширкат як пора аз ин клип нашр шуда ва ваъда мешавад, ки "ба наздикӣ" он вориди бозор хоҳад шуд.

Ин клип бар матни таронаи “Ашк” бардошта шуда, дар ҳоле таблиғ мешавад, ки Фарзона ҳамроҳ бо аппаҳояш –Шабнаму Бибирӯзигул ва ҷиянаш Шарифамоҳ ҳаҷи умра анҷом дода, дар роҳи бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд.

Фарзонаи Хуршед вақте дар саҳнаи бузург муаррифӣ шуд, ки апааш-Шабнам аллакай маъруф буд. Ӯ ҳам зуд шуҳрат ёфт ва тавонист ба қатори хонандаҳои "қатори аввал" шомил гардад. Аммо моҳи феврали соли 2010 ба ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш - Фаррух Рӯзиев ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ӯро бар асоси моддаҳои 36 (қисми 5), 365 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донист. Баъди бештар аз як сол ва бар асоси қонуни афв аз маҳбас раҳо шуд. Ҳамон сол дар озмуни "Big Apple Awards"-и Амрико ба ҳайси меҳмон иштирок намуд. Дар Big Apple Music Awards-2014 бошад, Фарзонаи Хуршедро “Беҳтарин сарояндаи зан аз Тоҷикистон” эътироф карданд.

Дар соли 2012 Фарзона, Шабнам ва модарашон Сурайё барномаи бузурги консертиеро бо номи “Баъди борон” баргузор намуданд. Фарзонаи Хуршед аз нахустин бонувони овозхони тоҷик аст, ки клипи ӯ (Биё биё) тавассути шабакаи мусиқии форсизабон – PMC пахш гардид.

Нахустин қадамҳои Фарзонаи Хуршед рӯйи саҳнаи шоу-бизнес соли 2000 гузошта шудааст. “Ёр, биё, ёр”, “Модар”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо”, “Ҷӯраҷон”, “Эй ошиқон” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш ҳастанд. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронӣ, бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро, низ бозхонӣ кардааст.

Daf Entertainment бештар бо Шабнами Сурайё ҳамкорӣ мекунад. Бештари клипҳои чанд соли ахири ӯро маҳз ин ширкат таҳия кардааст.
Мӯҳр
Носеҳ
Чаро аз Худо наметарсед? Ин нафар ба тарафи Худо баргаштааст шумо бошед аз ҳамон роҳи шайтон барнамегардед. Ин кори шумо рӯзи қиёмат ҷавобгарии сахт дорад. Агар холисона ба тарафи Аллоҳ гашта бошад, чаро дигар шумо чизҳои куҳнаро зинда мекунед. Ё шайтон қарортон намета, худаш наметона коре куна шумо мефарма? Вой бар ҳоли касе, ки кушиш мекунад мардумро ба суи дузах барад. Ва хушо ба ҳоли касе, ки мардумро ба суи Аллоҳ даъват мекунад ва ба он су меравад. Хушо ба ҳоли дустдорони Аллоҳ ва равандагони ба тарафи Ӯ.
Ин кори касиф бо намоиш додани ин суратҳо мухолифи дини Ислом аст.

.
Носеҳ,

Хуб содда хасти, мисли точики хакики. Ин хаччи умраро барои хамин клип кардаанд. Пул-пул-пул......

Одам
.,
Гумони нек кардан аз асосҳои исломӣ аст. Вале гумони бадро рад мекунад.

зиерати каъба-боло бардоштани шухрат,ин-гуна инсонхо дар дили хеш заррае имон надоранд танхо барои шухрату намоиш зиерати хач намудаанд.

А-а
Боло сатр- поён театр. вакте,ки сатр мебанданд гумон мекунанд,ки хосгор бисьёр мешавад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Худнамоишхо бисьёр шудаанд.

Рустам
Инхо аз Худо наметарсанд Бовар кунед Ин апаву Хохар Барои зиёрат кардани хонаи Худо не барои клип кардани ягон Суруд ба хонаи худо рафтаанд бовар кунед

МУСЛИМ
ХУДОВАНДИ МЕХРУБОНРО ШУКР КИ ДАР ДИЛИ ХАМИНХО ЭМОНРО ЧО КАРДАВУ БА РОХИ ДУРУСТ ХИДОЯТАШОН КАРДААСТ НАБОЯД САРЗАНИШ КАРД БОЯД ДАСТГИРИ КАРД ТОКИ ДИЛМОНДА НАШАВАНД БАЪЗЕ НАФАРОН АЗ ИНХОХАМ КОРИ БАД КАРДА ГАШТИЯН ЛЕКИН МАН ХЕЧ КАСРО НА ТАЪНА МЕЗАНАМУ НА ДИЛМОНДА МЕКУНАМ ТОКИ ПАРВАРДИГОРИ МЕХРУБОНАМ МАРО ДИЛМОНДА НАКУНАД АЗ ХУДОВАНД БИТАРСЕД БАЪЗЕХО ХАМИНХЕЛ ГАП МЕЗАНАНД КИ ГУЁО ФАРИШТА БОШАНД АГАР ХАМОНХОРО ТАФТИШ КУНИ АЗ ОНХО ИФЛОСТАРИН ОДАМ ДАР РУИ ЗАМИН НЕСТ БАРОИ ХАМИН ХАРКАС БОЯД ХУДАШРО НИГОХ КАРДАЮ ТАРБИЯТ КУНАД ФАРЗАНДОНИ ХУДАШРО ТАРБИЯТ КУНАД ИНХО БА ХУДОВАНД САР ХАМ КАРДАЮ ИТОАТ КАРДААНД НА БА БАНДАГОН ИНХО БА СУИ ХУДОВАНД ЭМОН ОВАРДААНД НА БА БАНДАГОН ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН МЕДОНАД КИ ДУЗАХИ ВА КИ БИХИШТИ АСТ ТАНХО ПАРВАРДИГОРИ ЯКТО ХУКУКИ МУХОКИМА КАРДАНИ БАНДАРО ДОРАД ЭХТИЁТ КУНЕД АГАР БАНДАГОН НАБИНАНД ХУДОВАНД КАМЕНТАРИЯНАВИСИЯТОНРО МЕБИНАД
ИРОХАИ РОХИ ИЛЛОХИ БА ХАРКАС НАСИБ НАМЕГАРДАД
КУШИШ КУН АЗ ИН РОХ БЕНАСИБ НАМОНИ.
ЯЪНЕ ХУДОВАНД БА ХАМА ИМКОНИЯТ МЕДИХАД ТОКИ АЗ КАРДАИ ХУД ПУШАЙМОН ШАВАДУ БА РОХИ ДУРУС РАВАД ХАМАРО НАЗАР МЕКУНАД КУШИШ КУН НАШАВАД КИ БО СУХАНОНИ БАД РАФТОРИ БАД АЗ НАЗАРИ ХУДОВАНД ДУР МОНИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)