Бахшҳо
26 июл 2014 10:59Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошти корманди Маркази ташхиси тиббӣ - судии Вазорати тандурустӣ

Масъулони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсия дар Тоҷикистон аз боздошти мудири Шуъбаи экспертизаи физико – техникии Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судии Вазорати тандурустӣ хабар доданд. Онҳо мегӯянд, Хуршед Файзалиев ба иттиҳоми гирифтани “пора” дастгир шудааст.

Дафтари матбуотии Оҷонсӣ иттилоъ дод, ки нафари муттаҳам бо истифода аз мақоми хизматияш моҳи июн ва июли соли ҷорӣ гӯиё барои тартиб додани хулосаи судӣ – тиббӣ бо ташхиси зарар ба саломатии дараҷаи миёна аз шаҳрванд Ҳалимов Т.М ба маблағи 2 ҳазор доллар пора талаб намудааст. Манбаъ мегӯяд, Ҳалимов Т.М рӯзи 22 июл, ки дар ҳолати ногувор қарор дошт, ба Оҷонсӣ аз болои Хуршед Файзалиев шикоят бурда ва санаи 23 июл Файзалиев дар утоқи кориаш, ҳангоми гирифтани пора, дастгир гардидааст.

Тибқи иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба Хуршед Файзалиев бо моддаи 32 қисми 2 ва моддаи 319 қисми 4 банди «в»-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Хайдар Бобоев
Дар хакикат сохаи тандурусти фасодзадатарин макомот дар Точикистон хаст. Хадамоти дорувори дар ин руйхат дар чои аввал меистад, ин идора пурра фасодзада шудааст,мансабхо фурухта мешаванд дар дохили идора.

Салому алайкум ҳамватанони азизам!!!! ман суоле ба ҳамагон дораму мехоҳам аз руи инсоф ба ин суолам посух гуфта шавад, дар сохторҳои давлатии мо ки ришва ё пора намегирад??? аз мактаби миёна сар карда то Донишгоҳ ва баъди хатми донишгоҳ аз ҷои кори аввал то охир инчунин шифохона ҳатто мурдаҳо пул меситонанд ки мегуяд,ки не ва ки мувофиқ нест? бале инро ҳам ёдовар бояд шуд,ки ҳастан нафарони бо виҷдон аммо аммо аммо бисёр бисёр бисёр КАМ.
ки бо ман ҳамфикр асту ки не агар ҳамфикр нестед баён кунед,ки барои чи?

доктор
Ачиб! ачиб! ачибу гариб! Кори хамин ожонсихои мо масхара шудааст, бо ин корашон нишон доданианд, ки зиди корупсияанд. Барои чи сардухтурхое, ки солхои зиёд аст ки дар гирифтани пора ном баровардаанд агар як бемор вориди бемористон куни ки мурда истода бошад то пул нагирианд кабулаш намекунанд холо шумо ба фикри худатон ягон кори хуб кардаед, вале милси пештарм маълум ки боз касе ба креслои у чашм ало кардааст ва барои хамин паставит кардед. агар мехохад пеши рохи корупсияро гиред бояд мафияи тандурустиро аз байн бурд ки ба ин сохи ба як мафия табдил шудааст. аз боло то поён.

Номаъкула милиард бор кардай.

Гурбати
Илтимос! Духтуру муаллимонро озор натихед.Вайхо аксарияташ оиладору ичоранишин, музди кам мегиранд.Барои вайхо зиндаги мушкилу сангин аст. Барои хамин аз вай соддахо РЕЗУЛЬТАТ барои СТАТИСТИКА кардан чудоям кори осон. Агар махбас шинад, ахволи кудаконашон чи мешавад.

чабрдида
Сардухтур агар аз як таваллуд хона доля гирад, аз сару гушаш зиёти мекунад, вайдадигар даркор набудагист. Биёед, кани бубинем, дар як сол аз 15 хазор зиёд таваллуд= ками кам факат севанчи 100 доллари агар гиранд= якуним миллион доллар! Ёву гир ! Як бор гирифтаст , о гиникологхо хвр руз бе хичи хуни Мардум ро хурда гаштагиян! Чоп кун озодагон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)