АКС: “Техникаҳое, ки мо дорем, дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ нест”
Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, баъзе аз фанновариҳои нави бехатарие, ки онҳо дастрас кардаанд, то ҳол дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нест. Қудратулло Одинаев, як масъули фурудгоҳ, гуфт, дар сурати рух додани ягон садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Ӯши Қирғизистон, Мазори Шариф ва Қундузи Афғонистон онҳо метавонанд ба воситаи техникаҳои навашон кумак расонанд.
“Таҷҳизоте, ки мо дорем, дар Осиёи Марказӣ ягона ҳастанд. Дар ин таҷҳизот ягон қисми метал ва трос истифода бурда намешавад. Баръакс, ресмонҳое истифода мешаванд, ки ҳангоми бардоштан ва кашола кардани ҳавопаймо осеб намерасонанд”,-гуфт ӯ.
Ҷаноби Одинаев афзуд, фурудгоҳ дастаи наҷотдиҳии қисми тиббӣ низ дорад, ки онҳо бо автомашинаҳои махсус таъмин мебошанд.“Барои интиқол ва қабули беморон автомашинаи махсуси Амбулифт низ харидорӣ шудаст”,-афзуд ин масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |