Бахшҳо
29 июл 2014 08:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

5 000 сомонии дастаи Шоҳрух Саидов ба Шаҳбол Мирзоев (АКС)

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” 28 июл, дар рӯзи Иди Саиди Фитр ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшуда ва маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон кӯмаки молӣ кардааст.

Торнамои расмии ин клуби Душанбе менависад, Муродҷон Умаров, раҳбари кулли дастаи “Истиқлол” ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз номи Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳ ба Шаҳбол дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст.

“Муродҷон Умаров ҳангоми суҳбат бо Шаҳбол Мирзоев таманнои футболбозон, ситоди мураббиён ва раҳбарияти дастаро барои ҳар чӣ зудтар шифо ёфтани ӯ баён кард”,-меафзояд манбаъ.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рӯз дар шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, табобат мегирад. Ӯ сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.


5 000 сомонии дастаи Шоҳрух Саидов ба Шаҳбол Мирзоев (АКС)
Мӯҳр
точик
Офарин Шохрух Сидов ин гапи дигар. Ин амали хайр шаходат аз он медихад ки Шохрух аз холи чунин ашхос бохабар будаст.

Аҳсан ба Шоҳрух Саидов воқен ҳам ҷавони дурандеш ва хоксор будааст.
Ман аз ҳам Шаҳболро ба маносибати иди саиди фитр табрик намуда барои ӯ шифои комилро орзумандам.

Душанбе
Салом, шархнависида хуш надорам, но токатам ток шуд. Мо дигар хама медонем Шахболаш кист, чи руз ба сараш омад, дар чи азоб аст. Аз Худо хохони онам, ки тезтар шифо ебад, ки баъзехо ба воситаи ин кас (Шахбол) аз худрекламакуни монда хам шудаанду (дасти ери дароз кардан е кумак расондан ба ин тарз намешавад) мо хам аз тамошои расмхои нимурени вай. Е аз ин баъд акалан ягон майка пушонедаш. Узри бехад. ОЗОДАГОН ба ворид намудани шарх дар сайт мусоидат намо.

бо 5000сомони дигар саломативу сутунмухраи шикастаро баргардонида нашавад.

чаро шарм намекунеду хайратонро реклама мекунед, агар дилатон сузад бе фотогпарация кумак кунед ин тарз кумак айб аст кай аклатон медарояд.ба Шахболчон тани сихат умри дароз ва дар зиндагии шахсиаш бахти безаволро Худованд ато бикунад.Илохо Омин.

озодагон аз шумо хохиш тани нибарахнаи Шахболчона нишон надихед дилам ба у месузад бехад логар шудааст. боз ин хайркунандахо худро реклама мекунанд бисер манзараи безеб.

Гурдофарид
Шорух мардаки кард. Аммо намешуд, ки бедуни реклама мешуд. О ин расм аз руи одоб нест. Мегуян ба дасти ростат хайр кун дасти чапат хабар наёбад. Хай мухми, ки як мансабдори точик химат карда ин коро кард. Худо дар дили мансабдорони точик инсофро чой кунаду аз холи беморону факирон бо хабар шаванд. Ин икдофми шорухро бояд дигарон омузан ва дарк кунанд, ин дунё бебафо аст фардо он мошинхои хоричи 100& касрхои бо ашамат саволу чавоб ва закоти худро доран. Бошад Саломат Шорухиазиз. Озадагон барои чи андешахои маро чоп намекунед?

КОРИ ХУБ КАРДЕД, ВАЛЕ АЙБ АСТ РЕКЛАМА КАРДАН. НЕКИ КАРДИ МЕГУЯНД ОНРО БА ОБ ПАРТО, ШУМО ЧИ ? ДАР НАЗДИ ИН АФСАРИ БЕЧОРА, КИ АЗ НАМУДИ ПЕШТАРАШ ХЕЧ ЧИЗ НАМОНДААСТ, ХУДНАМОИ КАРДЕД, АЙБ АСТ !

Salom! Pesh az hama tansihatii shabolo az khudovand khohonam. Khudovand digar in fakolathoro nishon nadihad bar sari askaronu javononi mo. vagarna khabarnigorii ozodagon chi kor mekard in qadar tuloni dar bobati yak mavzu... Ufa ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)