Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Ҷаласаи 20-уми роҳбарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе оғоз гардид

3 сентябр 2011, 06:28

Дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бистуми раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ба кори худ оғоз кард. Дар кори ин нишаст президентҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдовия, Русия, Туркманистон, Украин ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

 


Маврид ба ёдоварист, президентҳои Беларус, Озарбойҷон ва Ӯзбакистон ба далелҳои гуногун дар ҷаласа ҳузур надоранд. Ин кишварҳоро дар ҳамоиши Душанбе нахуствазирони ин кишварҳо намояндагӣ мекунанд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо бархе аз раҳбарони ҳайъатҳои кишварҳои ҳамсуд, ки тоза вориди Душанбе шуданд, дидор ва гуфтугӯ кард. Ҳамчунин сарварони кишварҳои узви ИДМ низ бо ҳамдигар мулоқоти якбаяк анҷом доданд.

Шоми дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷаи 11 кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои муштарак-ул-манофеъ баргузор шуд. Ширкаткунандагон тарҳи 17 санадеро, ки ба баррасии раҳбарони кишварҳои ҳамсуд пешниҳод мешаванд, баррасӣ ва таъйид кардаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!