Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

BEELINE ҷонибдори рушди маориф дар Тоҷикистон аст

13 май 2011, 11:07

ҶДММ «ТАКОМ», ки зери тамғаи тиҷоратии BEELINE дар  Тоҷикистон хадамотии алоқаро пешниҳод менамояд, ба толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №6 шаҳри Душанбе имконияти дастрасиро ба шабакаҳои ҷаҳонии интернет фароҳам овард.

Тибқи иттилои менеҷери робита ба ҷомеаи ин ширкат Мавзуна Бойева,  ин иқдом барои гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои давлатии босифат мусоидат намуда, равиши таълимро аз ҷиҳати иттилоотӣ тақвият хоҳад дод.

Сарвари кулли ширкати  «ТАКОМ» -Сергей Миронов ин амалро қадами муҳим хонда аз ҷумла қайд намуд: « Бо кӯмак кардан ба кӯдакон ширкати мо ҷаҳду талош бар он дорад, ки кӯдакон битавонанд бо роҳатӣ ба ҷаҳони иҷтимоии имрӯза ворид шаванд. Аз ҳамин лиҳоз мо ба онҳо имкони дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет, ки яке аз маъхазҳои асосии дониш ва иттилоот аст, имкон  фароҳам овардаем.

Маврид ба ёдоварист, ҶДММ  «Таком» -оператори алоқа буда, муҷҷавизи пешниҳодкунандаи алоқаи мобилиро дар стандарти   GSM 900/1800, UMTS дорад. Ин ҷамъият ба гурӯҳи ширкатҳои "ВымпелКом Лтд» шомил буда,  дар Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Арманистон, Гурҷистон, Украина, Арманистон, Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Алҷазоир, Бангладеш, Покистан, Бурундӣ, Зимбабве, Намибия ва ҷамоҳири Африқои Марказӣ намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!