Бахшҳо

ВИДЕО: Вокуниши президент ба даъвати бомбаборони Роғун аз сӯи академики узбак

Фарҳод Раҳимӣ (Раҳимов), президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз мақомоти Узбакистон хост, то ба ҳарфҳои академик Рустам Абдуллоев дар бораи бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун вокуниш нишон диҳад. “Дар ғайри сурат, чунин хулоса мешавад, ки ин мавқеи расмии Узбакистон мебошад”,-гуфт ӯ дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон”.

Оқои Раҳимӣ дар ин гуфтугӯ, дар маҷмуъ, ҳарфҳои Рустам Абдуллоев, академики узбакро беасос донист ва афзуд, барои дифоъ аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун далелҳои қавӣ доранд. “Вале аввал мехоҳем, ҳукумати Узбакистон ҷилави ин академики худро бигирад. Ҷониби Узбакистон агар вокуниши мусбате дошта бошад дар мавриди ин мақола, маълум мешавад, муқобили ақидаи ин академик ҳастанд. Агар на, пас маълум мешавад, мақомоти расмии Узбакистон то андозае бо гуфтаҳои академикашон ҳамфикранд”, илова кард ӯ.



Президенти Академияи улуми Тоҷикистон дар идома афзуд, Рустам Абдуллоев аз нигоҳи рӯҳӣ мушкил дорад ва шояд гармии тобистон боз ба ӯ таъсир расондааст: “Мақолаи ин академикро пурра хондем ва аз нигоҳи илмӣ мавриди баррасӣ қарор додем. Ба хулосае омадем, ки Рустам Абдуллоев, ки худро ҳамчун академик муаррифӣ мекунад, аз нигоҳи илмӣ мутаххассиси соҳа нест ва фикр мекунам аз нигоҳи равонӣ ҳам ба ташхисгар ниёз дорад. Зеро он суханҳое гуфта шуд, аввалан ба манфиати ҳарду ҷониб нест, нахуст ба манфиати худи Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа. Мо бо ҷумҳурии Узбакистон муносибати дӯстона дорем ва ин ду мардумро, ки дар тӯли таърих паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар зиндагӣ кардаанд, наметавон ба чунин як ду масъала ҷанг андохт".

Ба ин тартиб, Фарҳод Раҳимӣ Абдуллоевро ба ном академик унвон кард ва гуфт, суханҳои ӯ дар мавриди заминлразаи 10-11-баллӣ дар маҳалли Роғун низ комилан хатост. “Роғун дар минтақае сохта мешавад, ки аз нигоҳи экологӣ ва сейсмикӣ на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон зараровар нест. Олимони зилзилазашиносе, ки мо дорем, исбот карданд ва тамоми натиҷаҳо дар дасти мо аст. Шурӯъ аз соли 1885 то соли 2012 ва то имрӯз таҳқиқот идома дорад. Дар минтақаи сохтмони Роғун ҳеч гоҳ заминҷунбӣ аз 7 бал зиёд нашудааст ва аз ин зиёдшавии он низ имкон надорад. Аксари муҳаққиқон вақте дар бораи хатарнок будани мавзеъ суҳбат мекунанд, зилзилаи Ҳойитро, ки соли 1949 рух дода буд, мисол меоранд. Ба диққати ҳамагон расониданиям, ки ки зилзилаи Ҳойит зилзилаи ҳамагӣ 5-6 баллӣ буд, аммо бо сабаби фаромадани ярч, ки Тоҷикистон минтақаи кӯҳистон аст, чунин харобӣ ба вуҷуд омад. Ин, албатта, асос шуда наметавонад барои даъвоҳои беасосе, ки ин академики узбак пеш меорад. Таҳлили мақолаи ба ном академик Абдуллоев ба хулосаҳое меорад, ки ӯ аз илми сейсмология фарсахҳо дур аст, чун менависад, ки мувофиқи шкалаи “рехтерман”, ҳоло он ки дар ҷаҳон шкалаи рехтерман не, “рихтер” аст”,-гуфт ӯ.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон дониста мешавад, дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якеашон 600 МВтӣ ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозигии Узбакистон мебошад, тибқи лоиҳаи нерӯгоҳ бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистн мегӯяд, бунёди обанбори Роғун муҳлати обшавии пиряхҳои кишварро тамдид мекунад ва он ба сӯди кишварҳои поёноб, мисли Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон хоҳад буд: “Хатаре, ки ба минтақаи мо нисбатан таҳдид дорад, ин тағйирёбии иқлим аст ва вобаста ба тағйирёбии иқлим то андозае яхшавии пиряхҳои Осиё ба вуҷуд меояд, ки асосоан аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ба пуррагӣ гуфта метавонем, тамоми ҳамсояҳои поёноби мо мутмаин бошанд, ки “Роғун” ягона омил аст барои нигоҳдории пиряхҳо. Яъне, вақте обанбори “Роғун” сохта мешавад, ин ҷо микроклимат пайдо мешавад ва ин ба он оварда мерасонад, ки яхшавии пиряхҳо муҳлаташон тамдид шавад ва ин ба фоидаи кишварҳои поёноб аст".

Интизор меравад, ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад. Аммо Узбакистон борҳо зидди сохтмони ин нерӯгоҳ изҳорот дода, бунёди онро бар зарари кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ донистааст. Тошканд бовар дорад, Душанбе бо бунёди Роғун оби минтақаро таҳти контрол гирифта, дар сурати зарурӣ аз он ба унвони фишанг истифода хоҳад кард. Иддаое, ки ҷониби Тоҷикистон онро борҳо рад карда, ҳатто маҷбур шуд, таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ паҳлӯҳои техникӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии онро ташхис кунад.

Ҳоло коршиносон ташхиси худро ба поён бурда, хулосаи ибтидоияшонро эълон карданд, ки ба манфиати Тоҷикистон аст ва даъвати Рустам Абдуллоев, академики узбак, барои бомбаборон кардани Роғун аз тарафи Тошканд маҳз баъд аз ҳимояти коршиносон ва баъзе кишварҳои минтақа аз ин тарҳ садо медиҳад. Абдуллоев дар матлаби худ, ки рӯзи 5 августи соли ҷорӣ дар торнамои Сентразия.ру нашр шудааст, мегӯяд, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем!”

Ин академики узбак гуфтааст, дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.
Мӯҳр
Охо муборак бошад. Бехтарин офарин Фарход Кодири

порсо
кумитайи амният хатман бояд аз пайи аз байн бурдани ин чингизу темуртаборбошад ва агар узбак хамла кунад мо бо ерии бародарони ИРОНУ точикони афгонистон САМАРКАНДУ БУХОРОРО ПАС МЕГИРЕМ ХУДО

Илхоми
“Рустам Абдуллоев аз нигоҳи рӯҳӣ мушкил дорад ва шояд гармии тобистон боз ба ӯ таъсир расондааст”. Фарход Рахими чавоби оли додааст. Агар он касо академик мешуданд ин гунна чавоб намедоданд.

Сухроб
Иншоаллох мерасд он рузе ки мо Самарканду Бухороро дубора пас мегирем. Миллат дер боз дар орзуи чунин руз аст.

Самарканду Бухороро хеч гох аз бухороиву самаркандихо гирифта наметавонед, барои ин ки ин азони шумо нест. хамаи онхо темуртаборанд.

Чавон
Офарин, мухтарам Фарход Рахими! Дар хакикат ин ба ном академики узбак, гуфти шумо, бемор будааст. Хайронам, ки чи гуна у бо ин акли кутахаш дар фархангистони улуми УЗ кор мекунад. Аз ин бар меояд, ки дар академияи илмхои Узбакистон гайр аз ин "академик", девонахои зиёди ошкорнашуда фаъолият мебаранд. ТОЧИКАМ, ХОМУШ МАБОШ!

Каламанора
Президенти академия- Фарход Рахим, аз нигоҳи рухи ТимурЛАНГ хам солим набуд... Худро тасаллох надихед. Омода бошед.

Точик
Бародаро орм бошед, ин академики узбак ин суханхоро сахарии барвакт дар вакти карахтияш навистаги, холи монед баъди обед шавад, зуд пушаймон шуда мегуяд, ки инро ман нагуфтам.))))

Агар хамаи Дунё бар зиди Рогун боша мо Иншааллах месоземш.. Рогун ягона рахои милати Точик аст Аз тамоми камбудихои Иктисоди

инхо барои он мегуян ки мода свет бтан хахахах Неки намеша итари

Сохибзода
Аз рузе сохтмони Рогун шуруъ шуд, узбак тамом шуд. Рахмон гаразе надорад, миллаташ шикаст надорад. Як маротиба узбакро мебояд андеша кард, Рахмонро ба точик Худо дод, ки талоши ободии хосу омро дорад, лекин узбак инро намехохад ва ба он фоидае надорад. Чунки бадхохи касон хеч ба максад нарасад. Омилхои дохилиаш узбакро бархам медихад, Каракалпок, водии Фаргона, Хоразму Сирдаре, Самарканду Бухоро максади бунеди давлати мустакили худро доранд ва хафтод фисади ахолиаш точик буда, хангоми ба хашм омадан аз узбак нишоне намемонад.

А-а
Сухроб, Худо хохад, мегирем замини меросии бобохоямонро.

Сохибзода, 100% братан аз узбак сари тарс надорем

Барлоси Регари
Ин махлуқ бо номи Абдуллоев (Чаро Абдулло нуён нею АбуллоЕВ?) худро узбек ва аз насли Темури ланг муаррифӣ мекунад. Аммо аз "Саргузаштномаи Темури Ланг" ("Автобиография Тамерлана") дида мешавад, ки Амир Темур бо узбекҳо ягон алоқамандие надорад. Масалан ин иқтибосҳоро аз ҳамин асар меорам: "...я отпустил
на волю 4000 пленных «руми» и защитил Туран от набегов узбеков".
"Однажды жители
Мавераннахра пожаловались мне, что узбеки требуют, чтобы им были выданы 1000
девушек. Я доложил об этом Ильяс-Ходже. Он запретил узбекам такое насилие,
но те не обратили на его приказ ни малейшего внимания. В то время некоторые
из персидских саидов принесли жалобу, что узбеки увели в плен 70 потомков
Пророка, саидов. Такая неслыханная дерзость окончательно вывела меня из
терпения; я быстро двинулся за ними и освободил из плена саидов. Узбеки
негодовали на меня за такой поступок и, чтобы повредить мне во мнении Туклук
Тимура, послали ему донос, будто бы я намерен отделиться и восстать против
него". "...Я получил следующую фетву от почетных лиц города: «Отнасилий узбеков
мир пришел в разрушение; почтенные люди оскорблены, имущество мусульман
разграблено. Мы, факиры, саиды и шейхи, единогласно приняли решение
подчиниться тебе. Если ты приложишь усилия к истреблению узбеков, мы все
встанем за тебя, если же не защитишь нас от насилий узбеков, то в день
страшного суда, мы обвиним тебя пред лицом Всевышнего».

Офарин хамшахр Фарход Рахими!

Ба ном "АКАДЕМИКИ Узбак" номаъкул кардааст. Рогунро бунёд мешавад!

Бояд чониби Точикистон ба ингуна харфхо ахмияте надихад,яне сохтмони Рогунро идома диханд то инки мардуми дехот дар зимистон азияте накашанд бояд Давлат дар фикри МИЛАТАШ бошад асри 21 шудааст тобакай чароги бобоиро истифода барем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)