Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:45

Данғара: Садамаи нақлиётӣ бойиси марги 7 нафар гардид

6 сентябр 2011, 04:40

Бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон 7 нафар ҷони худро аз даст доданд.


Тибқи иттилои РБДА дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, тахминан соати 00:01-и шаби гузашта, ронандаи автомашинаи «ДЭУ-Эсперо» Ҳотам Бузмакови 31- сола, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ ба канали обгузар чаппа мешавад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони дар дохили автомашина буда, Малика Шералиеваи 40 сола, Маҳбуба Шералиеваи 41 сола, Эҳсон Шералиеви 7 сола, Фасон Шералиеваи 4 сола, Абдуҷаббор Холмуродови 2 сола ва Дилафрӯз Раҳматоваи 32 сола дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Дигар мусофирони автомашина Баргӣ Исматоваи 37 сола, Умед Шералиеви 5 сола ,Тоҷиддин Шералиеви 37 сола ва Баноз Шералиеваи 2 сола  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ афзуд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 5 ҳодисаи нақлиёти ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 11 нафар ҷон бохта 9 тани дигар маҷрӯҳ гардидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!