Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Оташсӯзӣ дар «Солбон» мавриди таҳқиқ қарор гирифт

6 сентябр 2011, 06:06

Ҳайати 128 нафараи  киштии мусофиркашонии «Солбон», ки дар тангнои халиҷи Куриё оташ гирифтааст, наҷот дода шуданд.


Зимни ин сӯхтор касе талаф наёфта, ҳамаи сарнишинон ва мусофиронро ба соҳил бароварданд. Дар ин бора аз пулиси маҳаллии баҳрӣ ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, сӯхтор дар киштие, ки ғунҷоиши 4 ҳазор тонна об дошт ва аз бандари Пусан ба ҷазира-осоишгоҳи Чечжудо дар ҳоли ҳаракат буд, соати 01-20 шаб, вақте киштӣ дар гулугоҳи Куриё начандон дуртар аз бандари Йосу қарор дошт, рух дод.

Бонги изтиробро нахустин шуда, яке аз намояндагони экипаж бардошт, ки вай буй дудро аз қисмати боркашонии киштӣ эҳсос кардааст. Нерӯҳои наҷотбахши баҳрӣ низ ба ҷойи ҳодиса омада расиданд ва ҳодиса ҷилавгирӣ гардидааст. Барои ёрии таъҷилӣ ба беморхона 7 нафар, ки дар вақти наҷот додани мусофирон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта буданд, муроҷиат карданд. Феълан, пулиси маҳаллии баҳрӣ сабабҳои сӯхторро таҳқиқ дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!