Бахшҳо

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст

Висол Азизови 17-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки аз хонаводаи овозхонҳои шинохта Азизовҳо мебошад, пиёдагардеро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба “Озодагон” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, номбурда савори автомашинаи Лексус “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пиёдагард Умарҷон Назарови 21-сола, донишҷӯи бахши чоруми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ мегардад.

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаастВисол Азизов, писари Қамарулзамон Азизов, аз хонаводаи овозхонҳои шинохтаи гуруҳи “Анис” гуфта мешавад. Дар аксе, ки Висол дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, дида мешавад, ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошини гаронбаҳое нишастаанду дар миёнашон Расули Амонулло – писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам ҳаст. Номи Расул дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд ва он вақт гуфта буданд, ӯ дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ мегӯяд, автомашинаи “Лексус”, рақами қайди давлатияш “0100 ВР 01”, ки Висол бо он пиёдагардро аз пой афтондааст, ба номи Остон Азизов, овозхони тоҷик, сабт шудааст.
Мӯҳр
Мухаммад
Ба оилаи Азизовхо, Зик нашавед, боз 7 экспертизаи дигар шуморо хам сафед мекунад!!!

Имруз бачахои аз сад гул як гулашон нашукуфта аз дасти эркабачахо кушта мешаванду макомоти хифзи хукук суйи ходиса пушти сар мегардонанд.

Халкмакол
Харбуза аз харбуза ранг мегмраду, хамсоя аз хамсоя

Ман дар таъҷуб намешавам, агар боз кормандони мақомоти тафтишот фардо гуянд, ки донишҷуйи бечора худашро ба таги лексуси Азизов Висол Камарулзамонович партофтааст?!! Ва боз доничшуй рафта лескуси "бечораи" Висол Камарулзамоновичро бояд таъмир карда диҳанд, чунки ин оилаи "номдори" гуруҳи АНИС-Азизовҳо аст.

ОДАМО! ОХ АФТУ НАМУДИ ИНОИ МАНСАБДОРОНРО БИНЕД, ОХИ ИНО БА ГАЙР АЗ ХУРДАНУ ДАР ХОЧАТХОНА АХЛОТ КАРДАН ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД! НАХОД БАЧАИ 17 СОЛА МИСЛИ РАИСИ КОЛХОЗИ 50 СОЛА ЗОХИРАН ТОБАДУ ШИКАМБ ДОШТА БОШАД?

бобо
кору боршон маишату... бечора одамони камбагал аз дасти инхо ва падару модарашон руз надоранд.

в
Остон Азизов бояд ба чавобгари кашида шавад. Чаро калиди мошинро ба хамин ширмак додааст?

И проблема хал шаванда аст. Хозир мебинем. Ин шербачаро чанд пул чарима мекунанд, аз руи конун бояд. Хамон чабрдидаро тамоми харочоташро ба ухдаи худ бигирад. Агар шахс зарари чидди надида бошад. шербачара ягон гап наган, буган агар бояд Бачаи Амонулорам аз сари нав делаша кушоян дида буброян

loi
фавран бо машварати хукми суди 121сомни чарима шавад!!!!

Намозали
ду нафараш маълум ки яке бачаи Хукумов дигаре писари Остон ду нафари дигаронашон бачахои кистанд инхо хам мошин меронанд?

хаминхоро хам зан тавлид кардааст магар

pz
дар шахри мо бда факат мора манъ мекарда боша тамом. хама майли падарша бо моддаи маъруфи 90-и КХМ ЧТ чарима кнан пулуш мерасида боша барои чаримара супоридан? ё ин , ки дар хами холатам бо гузарондани 7 экспертиза сафед мешида бошан?

А
Номард! Вакте ки пахш карди, биисту мачрухро беморхона бар. У мемурд ба падару модараш чи чавоб медоди? Расул хамаро заразить карда будааст.

Ҳамаи ҳамин сабабҳо аз тарбияи падару модар вобаста аст, агар падару модари ҳар яки мо ҷидди ба тарбияи фарзанд нигарон бошанд ягон фарзанд беодобу ва бемаданият намешавад. Чика аз фарзанд назар дур афканед ҳамон кадар шумо гунаҳкори фарзанди худ ҳисоб мешавед.
Зиндагӣ фақат барои кайфу сафо нест як рӯз ба ин кайфу сафоҳо ҷавоб додан даркор чихеле ки коргарони корхона ва е идора дар назди раисашон ҷавоб медиҳанд ба корҳои кардагиашон мо ҳам инсонҳо ҳаминтавр ҷавоб медиҳем назди Аллоҳи бузург.
Барои ҳамин агар ин суханҳои маро ягон падару модар хонад ман гуфтаниям ки ба тарбияи фарзанди худ ҷидди аҳамият диҳед то ки дар оянда Фахри фарзанди худ кунед. Пул муҳим нест дар зиндаги, дар зиндаги номус ва инсоф муҳим аст.

Салим
Бечора бчахако ита харобу ба азабонаее вой дод наход ки дар хаки хамин бачахакое чабрдида инхел сухано кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)