Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:15

Гузашти низомӣ ва базми хонадоршавӣ дар шаҳри Кӯлоб

6 сентябр 2011, 06:46

Субҳи имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори иди Истиқлол гузашти низомӣ бо ширкати кормандони мақомоти қудратӣ ва низомии минтақа сурат пазируфт.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ҳамчунин 2000 нафар донишҷӯ ва намояндагони сохторҳои мухталифи шаҳру навоҳӣ дар  назди минбари масъулини мақомоти ҳукумати маҳаллӣ саф ороста, роҳпаймоӣ карданд.

Ҳамзамон, баъд аз зӯҳри имрӯз ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст дар ин ҷо тӯйи арӯсии 20 ҷуфт аз хонаводаҳои камбизоатро баргузор намояд. Гуфта мешавад, дар баробари ин 100 нафар бачаҳо аз оилаҳои нодор низ маъракаи хатнатӯйяшон доир мегардад. Дар интиҳо баргузории консерти идона то шом дар назар аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!