Бахшҳо

Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои “муллоҳо”

Далер ШАРИФОВ

Вақтҳои охир тавассути телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияҳои гуногуни кишвар навори маҳрамонаи афроде намоиш дода мешавад, ки аз онҳо рӯҳонӣ ва ё имом ном мебаранд. Аз ҳангомаву овозаҳо маълум аст, ки ин барномаҳо писанди тамошобини хурду калон гашта, мардум бесаброна нашрҳои нави онро интизоранд.

Вобаста ба вазъияти баамаломада Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломиро зарур аст, бо ташкили “Маркази шаҳватсанҷӣ” вазъиятро зери назорати худ гиранд. Онҳо бевосита бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ тамоми имом-хатибҳо, муллоҳо, қориҳо, эшону ҳазратҳоро аз санҷиш гузаронда, вазъи ҷисмонӣ ва ҳамхобагии онҳоро муайян кунанд. Инчунин, дар бандҳои алоҳидаи қонуни танзими ҷашну анъана ва маросими миллӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, дар тӯю маъракаҳо хӯрдани бодом, писта, чормағз, мавиз ё умуман, ҳар навъ хӯрдание, ки ба мардон нерӯ мебахшад, манъ карда шавад.

Ҳар сари чанд вақт бо фармони роҳбари “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои корҳои профилактикӣ муллоҳо ба ғорҳо ё биёбонҳо фиристода шаванд. Бовар дорам, бо ташкили чунин марказ мо мисли дигар дастовардҳоямон натанҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон ягона хоҳем шуд.

НАВОРҲОИ МАҲРАМОНА ВА “ФОИДА”-И ОН

Шояд дар тӯли зиёда аз бист соли истиқлолият як идда аз мардум натанҳо шаҳрдорӣ, давлатдорӣ, зиндагӣ дар ҷомеаи мутамаддин, хӯрдану пӯшидан, виҷдон, номус, миллат, ҳайсият, фарҳанг, хештандорӣ, худшиносӣ, Худошиносиро надонанду наомӯхта бошанд. Аммо аз тариқи пахши “секси муллоҳо” онҳо ҳадди ақал хобухезро ёд мегиранд ва онҳое, ки пиру нотавон ё касалии руҳӣ шудаанд ва ё фаромӯшхотир, баъд аз ин наворҳо дигар чигуна бо ҳамсарҳояшон хоб рафтанро ба ёд меоранд. Шояд баъзеҳо дар замони Шӯравӣ бо иҷозаи Маскав ё фармони партия бо занҳояшон кам хоб рафтаанд, акнун бо тамошои навори маҳрамони муллоҳо хумор мешикананд.

Ин таблиғ ва дастоварди сиёсиву идеологии мо дар ҷаҳон нодир аст. Зеро дар муборизаи сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳеч таърихи давлатдорӣ аз таблиғи “фаҳш” истифода нашудааст. Аз ин хотир, масъулони китоби рекордҳои “Гиннес”-ро зарур аст, фавран дастоварди мазкурро ба қайд гиранд, то ҷаҳониён бифаҳманд, ки мо кӣ ҳастем: ориёӣ ва ё аз он ҳам бузургтар.

БОЗЁФТИ БУЗУРГТАРИНИ ТВ-ҲО

Баъд аз ҷашни байналмилалии “Оби тоза”, “Таммадуни ориёӣ”, “Бузургдошти Имоми Аъзам”, “Ҷалолиддини Румӣ”, хулоса боз чандин ҷашнҳои хурду калони дигар, ки бо такрор ва пай дар пай намоиш дода мешуд. Мақсад аз он дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас буд ва аммо, ба гумонам, ҳамкасбони мо аз такрори мавзуъҳо дилбазан шуданд. Буҳрони шадиди маънавӣ моро фаро расид. Мардум ҳам дигар аз барномаҳои телевизион хаста шудаву инҷову онҷо танқид мекарданд. Аммо ҳамеша дар миёни миллат кордонҳо ва бофаҳмҳое ҳастанд, ки мардумро аз ин буҳрон мебароранд. Масалан, ҳамин дастандаркорони наворҳои маҳрамонаи муллоҳо шояд ба ин натиҷа расиданд, ки дигар насли муосири тоҷикро намешавад бо Румиву Фирдавсӣ ё Имоми Аъзам тарбия кард. Аз ин хотир, рӯй оварданд ба навори маҳрамона. Акнун ин меваи даврони Истиқлолият ба зудӣ самар медиҳад ва масъулони ин амал ҳосили онро хоҳанд чашид.

“Секси муллоҳо”, ки пеш аз намоиш доданашон баъзан вақт таблиғ ҳам мешавад, тамошобинони шабакаҳоро зиёд кард. Андешаи он ки мегӯянд шабакаҳои телевизионии мо ақибмонда аст, хатост. Акнун чизе, ки дар шабакаҳои давлатии мо намоиш медиҳанд, шабакаҳои телевизиони хусусӣ ва ё давлатии ҳеч кишвари пешрафтаи дунё намоиш намедиҳад. Пас, маълум мешавад, ки мо аз ҷаҳониён бо наворҳои маҳрамонаи муллоҳо пеш рафтем, раҳмат ба онҳо бояд бигӯем, вагарна кӣ шабакаҳои моро тамошо мекард. Ҳатто баъзе он наворҳоро сомонаҳои интернетӣ дар худ ҷой дода наметавонанд. Ба хотири аз байн нарафтани аудитория бояд шабакаҳои давлатии мо ингуна барномаҳоро мунтазам намоиш дода бо номи “секси муллоҳо” шоу-барномаҳо ташкил намоянд. Масалан, шабакаи кӯдаконаи “Баҳористон” паҳлӯҳои гуногуни ин барномаро барои насли наврас бозкушоӣ намояд. Ҳангоме ки онҳо калон мешаванд, бидонанд, ки калонҳои миллаташон чӣ касе ҳастанду бо чӣ корҳо машғуланд.

Агар имрӯз созмонҳои хориҷӣ моро ба сӯи таппак ишора мекунанд, мутмаин бошед, ки фардо аз ин қаҳрамониҳоямон ҳам хоҳанд гуфт. Чуноне, ки гуфтем телевизионҳои мо чунон пеш рафтаанд, ки ҳатто пеш аз пахши чунин наворҳо ишора ҳам намекунанд, ки тамошои ингуна барномаҳои ҷолиб барои ноболиғон ё ақалан кӯдакон манъ аст. Аз ин бар меояд, он ба ҳама қишри ҷомеа равона шудааст. Шояд мутахассисони мо санҷида баромаданд, ки аз тариқи фаҳш тарбияи кардани насли имрӯза осонтар аст.

ЛИТСЕНЗИЯ БА ҶИНХОНҲО ВА...

Дар масъалаи пешниҳоди додани литсензия ба нафарони ҷинхон. Мо бо ин кор розӣ. Аммо ҷинхонҳо бояд аз ташхиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” бигзаранд. Онҳое, ки хеле қавианд, бояд “ахта” шаванд. Маъракаи “ахтакунӣ” аз тариқи ҳамаи шабакаҳо намоиш дода шавад, то онҳое, ки ба назди ҷинхонҳо мераванд, орому роҳат бошанд. Инчунин, тамоми асбоби хондан аз қабили шлангҳо, турбаҳо ва андозаву шакли онҳо бояд аз назари Кумитаи дин гузаронида шавад, то нашавад, ки шикоятҳо, барномаҳо дар бораи сахтӣ ва номувофиқ будани шлангу турбаҳо ба вуҷуд биёянду аз намоишномаҳои “секси муллоҳо” раҳо шуда, мубталои шлангу турба шавем. Гузашта аз ин, дар назди хона ва ҷойҳои махсуси ҷинхонҳо аз ҷониби Кумитаи дин камераҳои назоратӣ насб карда шавад. Ва он замон маълум хоҳад шуд, зани дуюм ё сеюму чаҳорум, маъшуқа, мансабхоҳ ва кадоми тоифаи дигар назди дари ҷинхонҳову “муллои ҷодугар” меоянд.

ХУЛОСА

Муҳоҷират, бебарқӣ, фасоди густурда, сатҳи нокофии таълиму тарбия, бекорӣ, маоши паст, хешу таборбозӣ, маҳалгароӣ ва даҳҳо мушкилии дигар дар ҷомеаи мо нест. Ман нав фаҳмидам, ки мушкилии рақами яки мо дар давлатдории миллиамон чӣ будааст. Ин ҳам “секси муллоҳо”-ст. Мо ҳанӯз сари як идеяи миллӣ баҳс дорем. Акнун ба дастоварди бузург ноил шудем - “секси муллоҳо” ва бояд ин мавзӯъ зиёдтар омӯхта шавад. Ба мо барқу газу фарҳангу маданият чӣ лозим? Чӣ лозим худро азоб додан барои ҳалли мушкилҳо? Акнун мо мушкилии калидиро дар ҷомеа ёфтем: “секси муллоҳо”. На терроризме вуҷуд дорад, на радикализм ва на таҳдиди хориҷие. Шояд вазъи геополитикӣ, ояндабинии кишвар, обрӯю эътибор ва даҳҳо асрори дигар дар “секси муллоҳо“ нуҳуфта бошад, ки мо надонем?! Вагарна чуқуртар фикр карда бароем наворҳои маҳрамонаи вазирҳо, вакилҳо, хитоиҳо, эрониҳо, афғонҳо, дипломатҳои хориҷӣ, духтурҳо ва муаллимҳо низ шояд вуҷуд дошта бошад. Аммо шояд онҳое, ки ин наворҳоро таҳия мекунанд, ба ин боваранд, ки наворҳои маҳрамонаи муллоҳо беҳтару хубтар ва олӣ аст?


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Тамошобин
Як рафиқам мегуфт, ки ман мухлиси баррномаи "Ахбор" шудаам. Пурсидам барои чи? Гуфт: -барои сексҳояш. Фақат як мушкилӣ пеш омадааст, ки онро дар пеши кудако тамошо карда намешавад. Гуфтам: Осуда бош, шояд Кумитаи ТВ "Ахбор"-и аз 16-сола боло таъсис диҳад.

.
Нафароне ки сиесати сиех кардани дини исломро аз руи секси муллохо ба рох монадаанд, худ шахсони пасттарин, яъне паскуда мебошанд.

Собир
Далер , муллохоро чува гор равон мекунед....О.. гор баракс шахватро зиед мекунад "секси мулло"-хо авч мегирад.. не ки намоиши зури телевизиони мешавад..

Як пешниход, ягон марказ парказ даркор нест, просто гиреду муллохоро ахта кунед тамом дигар тарики телевизион аз боби зинокории мулохо намоиш памоиш намешавад

Шумо хама хонандагон шохид бошед ки Ин муалиф ба номусу обуруи милат ва Худову Расул чака шудаистодааст Иншаалох хор мешавад .
Ва он одамонеро ки ин муло мегуяад онхо низ мисли Хайаони таёранд

Соатхои 20,3 то 21 тамошо карда лаззат бубаред.Лекин хуб гуфтааст бародари Далер ягон мукадасот намондааст хама чиз рушан шуд.

Точик
Ба идора гуфтаниям, ки ба ин журналистча расонед, ки ТВ ва интернет танхо воситаи таблиг нест. Балки ба хотири ошкор кардани баъзе камбудихои шахсони мансабдор, русиёхии муллохо, ки ИСЛОМИ МУКАДДАС- ро дастак кардаанд ва гайра низ истифода мешавад. Бародар агар фахмиши пасту зидгарои ту хамин бошад барои ман шахсан маъкул шуд. Аз он чихат, ки симои аслии баъзе афроди бо ном мулло, ки нони мардумро мехуранд, даст ба ягон кор намезананду факат дуо медиханду, дуо мехонанду, гармию хунуки мекунанду, занони раисону факиронро кабул карда "ДУОХОНИ" карда, ишкамхои калонро парвариш мекунанд, шавхарони занхои пешашон меомадараро бо раисонашон гарми мекунанд ва боз хам зидди давлат гап мезананд, намоиш дода бо хамин рох шиддати рафтани занхои мехрубонро назди баъзе бо ном муллохои ифлос кам кард.
Инчо таблиг нест балки намоиши фиску фучур аст бародар. боки мардумам чени ту акл дора ки тахлил куна. Ин на ба он хотир аст, ки мардум пайрави кунад балки ба хотири он аст ки баъзе харомхоеро. ки исломро истифода бурда мардуми гумрохро истифода менамоянд, шиносем.
Агар ин корхо боиси малолиии хотири нозуки Шумо додарчони рузноманигорам ва ё хочагони зарардидаат шуда бошад, аммо барои мардуми одди шояд лозим бошад. Боз хам таблиг аст гуфта мардумро гумрох насозед додар!!!! Мардум худаш чи буданаша медонад. Ё шумо ин хафта матлаби дигаре, ки дар доираи гунчиши аклат бошад наёфтед. Агар росташа гуям бисёр ба киноя навиштию аблахона аст!!!!

Олӣ буд!!! Фармудаи паёмбар аст, ки "агар шарм надорӣ, ҳар чӣ мехоҳӣ бикун". Ин ниҳодҳое ки ба пахши чунин разолат даст мезананд, дар поёнтарин дараҷаи арзиши ахлоқӣ қарор доранд. Шояд худ биханданд, ки бо мулло ва рӯҳонӣ чунин карданд, вале бешак онҳо ба худу миллати худу гузаштаи худ хандидаву истеҳзо кардаанд.

Ина бинен и мардаки хуб дарди миллата баен кардаст на тахкир. Барои ин дардро фахмидан туро лозимаст аз гуломи дас каши

Мулло Х,оким
Далер ту акл дори? ту Муллохора чи хаёл мекуни? магар ту нафс надори? аввал ин ки он чизе, ки дар телевизион мебини онхо МУЛЛО нест балки ч,одугаранд. агар бисёр ба муллохо нафрат дори пешниход кун, ки Муллохоро АХТА кунан. то ин ки дигар ба х,ечкас нарасан...

хонанда
Шумо тамоман сарфахм нарафтед ки ин муаллиф чи мехохад. Баръакс у муллохоро тахкир намекунад. Тахкиркунандаи онхоро ба боди хачв мегирад. Ин жанрро памфлет мегуянд. Каме нозук аст. Маънояшро омма намефахмад. Аммо бисёр чолиб иншо шудааст. Офарин, Далер.

далер приколи шуморо фахмидам. чунин пешниход аст: акнун наворхои сексии мансабдоронро бояд гирифт ва тамошо кард онхо чи тавр шахватрони мекарда бошанд мумкин ки аз муллохо мегузаронанд?

Боря
аз ин масхаранависи дида мемури ки дар бораи кам кардани сатхи мухочират аккалан як амкола нависи. Бародарони точикро дар сардии зимистон дар чангалхои Руссия бо танаи урён диди?---номард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)