Бахшҳо

ВИДЕО: Эътироз ба ҳукми 7 нафаре, ки қасди таркондани ТАЛКО-ро доштаанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафт сокини шаҳри Турсунзодаро, ки қасди таркондани ТАЛКО, корхонаи алюминиюми тоҷикро, доштаанд, аз 18 то 22 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, Тӯрабой Равшанову Абдуллоҷон Раҳимов 22-солӣ, Аскаралӣ Бӯриев, Азамат Абдуллоев ва Умар Урмонов 20-солӣ, Аҳмадҷон Маҷидову Толиб Шодиев 18-солӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳукми додгоҳ баъд аз зуҳри 12 августи соли ҷорӣ эълон ва ин ҳафт сокини Турсунзода барои бандитизм, даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсонӣ, ташкили созмонҳои экстримистӣ-ифротгароӣ, терроризм, доштан ва интиқоли яроқ, гирифта гаштани аслиҳа, моддаҳои тарканда, қочоқ ва дуздиву авбошӣ гунаҳкор шинохта шуданд.



Маҳмадалӣ Абдулҳақов, додраси парванда, гуфт, ин афрод маводи тарканда ва силоҳи оташфишонро аз роҳи қочоқ ба даст оварда, ҳадаф доштаанд, дар корхонаи алюминиюми тоҷик, додситонӣ, додгоҳ ва шӯъбаи умури дохиливу ҳукумати шаҳри Турсунзода таркиш намоянд. Аммо наздикони афроди муттаҳам ин ҳукми Додгоҳи олиро ноодилона ва бераҳмона хонда, аз додрас талаб карданд, то қазияи фарзандонашонро аз нав ба баррасӣ бигирад.

Бародари Азамат Абдуллоев, яке аз маҳкумшудагон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қаблан медонист, ки додгоҳ нисбат ба бародараш ҳукми ноодилона мебарорад ва аз ин рӯ барои додхоҳӣ ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ нома навиштааст. “Аммо то ҳол аз дастгоҳ посухе нагирифтаам”,-афзуд ӯ. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Толиб Шодиев, ки нафари таҳти ҳимояташ ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст, аз қарори додгоҳ изҳори норозигӣ намуд ва гуфт, “аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ мебарем”.

Мурофиаи додгоҳии ин ҳафт сокини шаҳри Турсунзода як моҳи қабл шуруъ шуда, айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ барои онҳо аз 11 то 25 соли зиндонро талаб карда буд.
Мӯҳр
чи сабаб шудааст ки талкоро таркондани шудаанд. сабаб чист? чаро инашро наменависед мумкин талко ин бечорахоро кидат кардагист. баъд ин кадар мухлати зиед ба инхо додан чи даркор боз баъди ин солхо аз махрумият баромада касдгири накунанд.

Алишер
Хазорчо шикоят бари хам ягон дигаргуни намешавад. Факат ба он зоти пок ки бинандаю шунаванда хамон. хамончо шикоят бардушанбе,

Як точики бечора хеч гунох надорад 26 сол зиндон мешавад, инора пожизнений додан даркор буд. Агар вокеан пайдо карда бошанд гунахкорхоро.

оаааа
Боварии пурра дорам ки инхоро тухмат кардаанд. МВД барои худ очко гирифт. Лекин ба хамин узбакхо умуман дилам намесузад. Инхо хамааш аъзои фронти халки буданд ва аз шароит ва хиенати кисме аз точикон истифода бурда кираи точикони асилро бароварда буданд.

Агар дар хакикат гунохашон исбот шуда бошад. Хукми катлро дар хаминхо чори кардан лозим .... охир инсон аз вайрон кардани лонаи гунчишк гунахгор мешавад. Агар гунохгорон чазо набинанд вичдони инсони ба монанди хайвон мешавад. Мо, ки дар хакикат дар комютер шишта назар менависем аз асли вокеъа хабардор нестем. Ягон гунахгор гунохашро ба хохиши худаш кабул намекунад. Мумкин ино карда бошанд вакте мебинанд мардум тарфдори карда истоданд,ки тухмат мекунанд баъд худашонро бегунох метарошанд, ки накарданд. ГУНАХГОР БОЯД ЧАЗО ГИРАД. тарафдории одами гунахгоро накунед!!!

чидол аз хамин фикрронихои нодуруст ва бадбинихои ахмакона сар мезанад. у узбак аст е урус е точик чи фарк дорад асос он аст ки у инсон аст ва мумкин аст ки инсони комилу окил аст. мумкин аст у ба точикони ту некихо кардааст ки точики худат онро ба точикаш накардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)