Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:20

«Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» дар Балҷувон ифтитоҳ ёфт

6 сентябр 2011, 12:12

Имрӯз ба ифтихори ҷашни 20-солагии истиқлолият дар ноҳияи Балҷувон  як иншооти иҷтимоӣ -муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ»   мавриди истифода қарор гирифт.


Тавре ба «Озодагон» аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ  ва ҷамъиятии агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати  вазорати меҳнат хабар доданд, маркази мазкур дар асоси банди 12-и “Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон” ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012  таъсис ёфтааст. Сохтмони иншооти ин марказ соли 2007 шурӯъ шуда, тибқи харҷнома  12 миллион 766 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки то имрӯз 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, тибқи нақша марказ дар муддати 2 сол пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Мавриди зикр аст, ки  «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» барои 150 ҷой  пешбинӣ гардида, айни ҳол як қисми иншоот  (20 ҷой) барои ба истифода додан омода гардидааст. Зарурияти таъсиси маркази мазкур аз афзоиши теъдоди ниёзмандон ба  хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, ки ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ  ва аз минаҳо зарардида  вобаста аст, бармеояд. Сохтмони муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ» дар ноҳияи  Балҷувони  вилояти   Хатлон собит месозад, ки гурӯҳи осебдидаи ҷамъият ҳамеша  зери таваҷҷӯҳ ва ғамхории махсус  қарор доранд,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!