Бахшҳо

Ташкили осорхонаи Оқохони 4: Аз ҳунар то тамаддуни исломӣ

Осорхонаи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ дар Торонтои Канада ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ҳенрӣ Ким, раҳбари ин муассисаи фарҳангӣ, гуфтааст, осорхона ҷое барои ҷамъу нигоҳдории маҳсули кори ҳунармандон ва тамаддуни исломӣ хоҳад буд. “Мо умедворем, ин осорхона ба дарки беҳтари пайравони Ислом дар мавриди тамоми гуногунии динӣ, қавмӣ, забонӣ ва иҷтимоии онҳо саҳмгузор мешавад”,-афзудааст ӯ.

Осорхона аз тарафи меъмор Фумиҳико Маки тарҳрезӣ шуда, 6.8 гектар заминро бо Маркази Исмоилияи Торонто тақсим мекунад. Ташкили осорхонаи Оқохони чор дар Торонто дар ҳолест, ки ӯ ҳангоми баромадаш дар парлумони Канада гуфта буд, “яке аз сабақҳое, ки мо дар солҳои охир омӯхтем, ин аст, ки ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Ғарб ниёз ба ҳамкории бештар барои якдигарфаҳмӣ доранд. Бахусус, вақте ин фарҳангҳо ба ҳам дар иртибот мешаванд, бештар ба таври фаъол ба ҳам омезиш меёбанд”.

Оқохони IV имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад, рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ баъди бобояш Султон Муҳаммадшоҳ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст. Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шуда, дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард мебошад. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар соҳоти гуногуни Тоҷикистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
Ба номи Худои чахаониён.
Волохазрат , Огохони чахорум , ки аз насли охирин пёмбари Худо Хазрати Мухаммад (с.а.в) ва нахустин Имоми шииён, чахорумин халифаи Рошудин Хазрати Али (а) мебошад , имруз ягона шахсест , ки дини мубини Исломро ба олами гарб муаррифи мекунад ва онхоро огох мекунад , ки Ислом рохи Хак ва хакикат аст . Аълохазрат дар зимни бахсаш бо Поп (папаи рим) низ гуфтаанд , Ислом ба воситаи шамшеру одамкуши пайдо нашуд , балки бо рохи адолату аклони пайдо гардид . Иншооллох бадкешон ва душманони дини мубини Ислом хабардор мешаванд , ки нозукии ин дин дар чи будааст. Чохилон имруз худро дар никоби мусулмони андохта Исломро расво мекунанд мисли толибон , хизбу тахрир , алкоида , салафи ва дигару дигар ...

Фархори
Оффарин бар чун намояндаи ислом ки ислом ва мусулмонро барои дунё махсусан дунёи гарб муаррифи мекунад аз тарики фархангу тамаддуни мусулмони

Domullo
Ofarini befosila ba Rohbari haqiqii Ismoiliyoni dunyo! Haqiqatan payravi Alivu, avlodi Muhammad (SAS) - soyaafkani mardum ast in sheri naru mardi zamon! On rohbare millie, ki sa'i donishu sihatii mardumashro talosh nadorad, garki puli changnishasta va jangoluda dorad, oqibatash khair nest! Ba'zeho az in shakhsi tarikhi ibrat girandu ba taqlidi amalash boshand!

Читрал
Вокеан хам Огохони IV Имоми созанда ва башардуст аст. Дар кишвари Канада таъсиси осорхонаи тамаддуни Ислом, ин кори савоб барои таблиг ва муаррифии фарханги Исломи ба дигар пайравони дину махабхои олам мебошад.

точикписар
Офарин! -бар ин инсони баруманд,ки дар рохи дини мубини ислом камари химмат бастааст.Маълум аст,ки аз авлоди Пайгамбари бузугор аст ва то кунун дар хизмати башарият мебошад.ИЛЛОХО-хамин гуна инсонхоро барои башарият бисёртар биофар...ОМИН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)