Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:57

Роҳбари САҲА ба Душанбе меояд

13 май 2011, 12:20

Интизор меравад, рӯзҳои наздик раиси феълии САҲА, вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалис ба Тоҷикистон биёяд.

Тибқи иттилои дафтари душанбегии ин созмон сафари Ажубалис   бо мақсади муҳокимаи масъалаи беҳтар намудани дастгирӣ ва кӯмаки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Гуфта мешавад, дар Душанбе Ажубалис бо шахсони расмӣ, аз  ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон, бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Шукурҷон Зуҳуров мулоқот хоҳад кард. Барномаи ташрифи дурӯза инчунин аз вохӯриҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!