Бахшҳо
20 авг 2014 17:23Тоҷикистон / Сиёсат

“Ҷумҳурият” дар бораи сиёсӣ шудани дин, маҳалгароӣ, Зоиров ва Хоҷа Аҳрори Валӣ

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо чопи матлабе аз паёмадҳои нохуби сиёсӣ шудани дин, бахусус Ислом, дар кишвар ҳушдор дода, гуфтааст, “ҳар лидере, ки аз сиёсӣ шудани дин ҳимоят мекунад, хиёнаткор аст”.

Ин нашрия дар матлаби худ таъкид кардааст, сиёсӣ шудани динҳо ва ташкили аҳзоби сиёсии хусусияти динидошта дар Тоҷикистон метавонад, ихтилофоти мафкуравиро ба миён орад. “Пайравони динҳои гуногун метавонанд, ҳизбҳои диниро ташкил кунанд ва манфиатҳои худро дар доираи манфиатҳои ҳизбии худ арҷ гузошта, манфиатҳо ва ҳадафҳои дигар ҳизбҳоро поймол созанд”,-омадааст дар матлаби “Ҷумҳурият”.

Муаллифи матлаби нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ӯ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ – ҷомеашинос ном бурда шудааст, иқрор мекунад, азбаски беш аз 90 дарсади сокинони Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанду пайрави як мазҳаб нестанд, ҳаққи ташкили ҳизби сиёсӣ бар асоси арзишҳои мазҳаби худро доранд. Инчунин, ӯ таъкид кардааст, сатҳи маҳалгароӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди ифрот расидаву ҳар як минтақа пешво ва раҳбари динии худро дораду дар пасманзари ақидаҳои мазҳабии худ ҳизбҳо ташкил медиҳанд: “Ин замина низ дар зери пардаи аҳзоби сиёсӣ фаъолият мекунад. Масалан, Раҳматилло Зоиров, роҳбари ҳизби сотсиал – демократ, шаҷараи авлоди худро ба Хоҷа Аҳрори Валӣ бурда мерасонад. Бо ин ӯ чӣ мехоҳад гӯяд? Мехоҳад гӯяд, ки ман ормонҳои динии исломии шуморо пайгирӣ мекунам, на ормонҳои демокративу иҷтимоиро”.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон доштани мафкураи диниро аз миёнбарандаи ҳиссиёти зебоишиносию ахлоқи пешрафта дар ҷомеа хонда, гуфтааст, ҳар дин ба худ мафкураи хос дошта, либосу рамзҳои дигарро дар ҳавзаи муҳити хеш бегона медонад, ки ин сабаби ихтилофу зиддияти тунди иҷтимоӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
зиёи
Илтимос хамингуна одамхоро нагузоред макола нависанд, зеро бо ин бесаводии худ чомеаро ба гуруххо таксим намуда хукуки 90% мардуми точикистонро поймол мекунанд, барои ду се сомонии пуче, ки аз навиштани ин маколаашон мегиранд. байни мардум фитна медозанд. ин гап бо ягон мантик дуруст намегирад ки як урух ва ё як хонавода дар холе ки худро мусалмон мегиранд барои худ як хизбе ба номи хизби халки демократи ташкил кунанд, вале беш аз 90% мардуми мусалмон хак надошта боршанд, барои худ бо номи динашон хизб дошта бошанд?! магар хамин макола худаш манбаи фитна нест? бас кунед тахкири миллатро бо тухматхои пургараз, вакте тавони ракобат кардани дар сиёсатро надореду хукумат карда наметавонед, барои чи ба 90% мардум тахкир мекунед? ин аз нотавонии шумо аст на хакнадоштани мусалмонон ба хизби сиёси. мардуми чахон дар космо расидаанд, вале шумо то хол мардуми точикро бо фикрхои мардумфиред даврони шурави девона карда меардед. фаромуш накунед ки мо диар дар замони шурави нестем. асри мо асри пешрафти андешавук тафарккур асри ислом аст, на асри чахолату лаанбардороне мисли шумо!

Миллат
Ин газетаи расмии хукумат руйирост зиди Ислом матлаб нашр мекунад, дар кишваре, ки 90 фоизаш мусалмонанд. Аммо хеч кас нест, ки шармандагихои ин нашрияи бехонандаву бемухлисро барорад.

Фантастиш
Обо, Зоиров магар Хоҷа Аҳрори Валӣ падари рухонии ХСДТ аст ?

Яъкуб. Душанбешахр.
Хиёнаткор худи кормандони ин нашрияи чоплусхо хастанду мансабдорон,ки мардумро горат карда маблагхои худро дар бонкхои хоричи мемонанд.Ин нашрия хамеша мардумро ба низоъ мекашад.Хол онки агар барои як рузнома 1сомони харочот шавад ин рузнома дар нуктахои рузномафуруши хамаги 20дирам хаст,ки ин хам як хиёнати дигари инхо хаст.Агар касе барои печондани мевагихо когаз мехохад биёед аз назди бозори марказии н.Хисор ин рузномаро хамаги бо киммати 15 20 дирам харидори кунед ба номи Худо рост мегуям.

Муслим
Ин одам на диншинос аст, на ҷомеашинос. Ӯ танҳо як муддаист!

САИД
Ин русиёи бедину диёнат кист, ки игуна гапзадааст?! модоме, ки дин аз сиёсат чудоаст пас чаро дар намозхои чумъа хабархои пахшудаи радиову телевизионро бурда медиханд, ки дар намози чумъа хонанд?!

ДОНИШЧУ
зиёи,
МУВОФИК БО РИТМИ ЗАМОНАВУ БО МАВРИД ИЗХОРИ НАЗАР КАРДЕД БАРОДАР

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)