Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Намояндагии Бонки миллии Покистон дар Душанбе ифтитоҳ мегардад

7 сентябр 2011, 03:57

Нахуствазири ҷумҳурии исломии Покистон Саид Юсуф Ризо Гелонӣ дар Исломобод сафири Тоҷикистон дар он кишвар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, дипломати тоҷик вобаста ба обхезиҳои ҷануби Покистон, ки бар асари он шумораи зиёди одамон фавтидаанд, ба ҳукумати Покистон таъзия баён намуд. Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Сарвазири Покистон аз рафти густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаи сафари президенти Покистон ба Тоҷикистон ва баргузории мулоқоти навбатии “Чоргонаи Душанбе”-ро мусбат арзёбӣ намуд. Зубайдулло Зубайдов иброз дошт, ки мулоқоти чоргонаи роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар сатҳи олӣ доир шуда, натиҷаҳои он барои тақвияти ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки дар матбуот ва дигар ВАО, аз ҷумла расонаҳои хабарии Русия рафти мулоқоти чоргона ва натиҷаҳои он ба таври васеъ ва аз ҷиҳати мусбат инъикос ёфтаанд. Дар идомаи сӯҳбат ӯ зикр намуд, ки таъсиси намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон, ташкили хати парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод, омода ва бастани шартномаи сеҷонибаи транзитӣ бо иштироки Афғонистон, аз масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо ба инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъсири муфид мерасонад.Саид Юсуф Ризо Гелонӣ ба масъалаҳои мазкур таваҷҷӯҳ доштани ҷониби Покистонро таъкид сохта, зикр кард, ки барои ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Ба ақидаи ӯ, тавсеа ёфтани муносибатҳои ду кишвар дар заминаҳои гуногун танҳо ба манфиати ҳарду ҷониб аст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!