Бахшҳо
21 авг 2014 09:41Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмон аз аҳли маориф хост, сарфакориро ба шогирдон талқин кунанд

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи шикояти сокинони кишвар аз болоравии нархи маҳсулоти озуқа онҳоро ба сарфакорӣ даъват кард. Оқои Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд аз онҳо хост, то дар сарфаю сариштакорӣ намуна бошанду онро ба дигарон талқин кунанд.

Ӯ гуфт, “аз вазъи ҷаҳони имрӯза, хусусан хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа ва дигар равандҳои номусоид хуб хабар дореду дар чунин шароит, пеш аз ҳама, худи Шумо ҳамчун шахсони соҳибмаърифату огоҳ намунаи сарфаю сариштакорӣ бошед ва ин кори хайру муҳимро ба шогирдони худ ҳамеша талқин намоед.” Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома таъкид кард, сокинони кишвар бояд коре кунанд, ки сарфаю сариштакорӣ ба амалу одати доимии онҳо табдил ёбад.

Ин суханони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони вилояти Суғд аз болоравии нархи пиёз дар ин минтақаи кишвар нисбат ба соли гузашта тақрибан ба даҳ баробар нигаронӣ карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло нархи як кило пиёз дар бозорҳои вилояти Суғд аз 1,5 то 3 сомонӣ буда, ҳатто охирҳои ҳафтаи гузашта баробар ба 4 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле ки соли гузашта дар ин шабу рӯз нархи як кило пиёз дар қаламрави вилояти Суғд 30 то 40 дирамро ташкил медод.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 20 август ба вилояти Суғд рафт ва сафараш ба шимоли кишварро аз ифтитоҳи як меҳмонхона дар Чкалов оғоз бахшид. Меҳмонхонаи “Сипеҳр”, ки аз сӯи соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғдро ошноии бевоситаи ӯ “бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ” арзёбӣ намуда буд.
Мӯҳр
Боз инон мехоханд содироти махсулотро ба Русия зиед намоянд, бовар кунед хама чизе ки содирот мешавад хаминхел монанди пиез 10 баробар аз хозирааш зиед мешавад, инсоф дихад ба беинсофоне, ки сунъи нархро баланд карда пул кор мекунанд, вагарна онхо аз харом будани он бехабаранд.

Маданият
Бояд Вазорати маориф дар хамкори бо оилахо дар тафаккури наслхо сарфаю сариштакори ва карзи шахрвандии ба ватан хизмат кардан, супоридани хакки барк, об ва дигар хизматрасонихоро ба амалу одати доими табдил ёфтанаш, кушиш ба харч дихад. Чунки дар махаллаи мо факат Тётя Ираи 68 сола ва дед Толики 70 сола хангоми гирифтани нафака, саривакти хисоби мекунанд. Бокимонда бошандагон факат интизор мешаванд, ки кай онхоро барои ин водор месозанд, балки на якбору ду бор..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)