Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:43

Муаммар Қаззофӣ, роҳбари Либия ғайб задааст

7 сентябр 2011, 05:59

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, гурӯҳе аз наздикони роҳбари фирории Либия Муаммар Қаззофӣ ба Нигерия панаҳ бурдаанд, аммо дар бораи сарнавишти полковник чизе рӯшан нашудааст.


Зимнан, расонаҳо ба такя ба манобеи мухталиф гуфтаанд, корвони иборат аз 50 мошини наздикони Қаззофӣ ба шаҳри Ниамей пойтахти Нигер расидааст. Мегӯянд, ки баъзе аз мансабдорони баландпояи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ дар ин корвон будаанд, аммо аломате аз ҳузури худи ӯву хонаводааш дар миёни он афрод дида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Иан Мартин, мушовири махсуси Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Троблуси Либия  гуфт, ҳукумати нави мувақаттии Либия умедвор аст, СММ ба онҳо дар баргузории интихобот кӯмак хоҳад кард .Гуфтанист, баъди 42 соли беинтихоботӣ ва Қонуни Асосӣ, Либия ба марҳилаи гузариши демократӣ ворид мешавад. Ва албатта раҳбарони Шӯрои олии гузори Либия аз Созмони Милал интизор доранд, ки дар ҷараёни интихобот ба онҳо кӯмаки чашмгире кунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!