Бахшҳо
22 авг 2014 07:35Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Офтоб” ба ҷои “тоҷ” ва “пахта” ба ҷои “анор”. Рамзи 3000-солагии Ҳисор тасдиқ шуд

Рамзи 3000-солагии Ҳисор баъди такмил шудан қабул гардидааст. “Тоҷ” бо “офтоб” ва “анор” бо “пахта” иваз шудаанд. Дар мавриди такмил додани лоиҳаи рамз қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд.

Рамзи Ҳисор ба шакли давра тасвир шудааст. Даври он рангҳои парчами Тоҷикистон-сурх, сафед ва сабзро дошта, дохили ранги сафед дар қисмати болоӣ бо хатти сирилик ва лотинӣ – “Ҳисор 3000” навишта шудааст. Дар қисми поёнии давра ба ду тараф тасвири барги дарахти ғор (лавровое дерево), ки нишони ифтихорию қаҳрамонӣ гуфта мешавад ва аз болои онҳо хӯшаҳои гандум, ҳамчун рамзи кишоварзӣ ва неъмат нақш ёфтааст.

Дохили давра дар заминаи ранги осмонӣ ду грифтон (махлуқи болдори афсонавӣ) ва миёни болҳои онҳо, ки шакли куҳро низ доранд, офтобро дидан мумкин аст. Асоси рамзи грифтонҳоро бозёфти 2 болосутуни сангии асри II-и пеш аз милод аз ноҳияи Шаҳринав дар соли 1965 ташкил медиҳанд, ки ҳоло дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон маҳфузанд.

Дар қисмати мобайни рамз баргҳои ток ва хӯшаи ангур ва дар қисми поёнии давра бошад, пахтаи шукуфон ва дигар рустаниҳоро дидан мумкин аст.

Таҷлил аз 3000-солагии Ҳисор 10 сентябри соли 2015 дар назар аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар як машварати корӣ дар моҳи октябри соли сипаришуда гуфта буд, “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст”. Дар ин ҷаласа ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки "барои таҳти васояти ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ҳукумати Тоҷикистон ба ин созмон дархост фиристодааст".
Мӯҳр
Антика
Рамзи 3000-солагии Ҳисор хело хам чолиб менамояд. Хуб мешуд, ки номи Хисора бо хати ниёкона хам навишта мекарданд. Чунки ин рамзхо ба хазор солахо мерос мебонанд ва аз арзи вучуд доштани миллати мо шаходат медиханд.

Сарзамине ки ҳамакнун шаҳри Ҳисор дар он воқеъ аст, дар садаҳои миёна Шумон (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва торихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст. Дар “Ҳудуд-ул-олам” омада: “Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр”. Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд) воқеъ буд ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар “Аҳсан ал-тақосим” гӯяд: “Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст”. Шарафуддин Алии Яздӣ дар “Зафарномаи Темурӣ” аз ин қалъа ба номи Ҳисори Шодмон (حصار شادمان) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар Ҳисор (حصار) ё Ҳисорак (حصارک) навишта ва имрӯз ҳам Ҳисор маъруф аст . Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” аст. Қалъае ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст ки дар садаҳои XV – XVII м. “ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
Аммо Ҳисор вожаест арабӣ ки камобеш 1300 сол пеш аз ин дар забони мо вом гирифта шудааст. Бархе ин вожаро бо хуссар дар забони осӣ санҷида ва онро вожае суғдӣ пиндоштаанд. Вале чунон ки аз додаҳои торихӣ ва рисолаҳои ҷуғрофиёии садаҳои миёна дидем, ин шаҳр ҳамвора Шумон номида мешудааст. Пас чигуна шаҳре ки номаш 1300-сола аст, 3000-сола мешуда бошад? Аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост дорам номи бостонии ин шаҳр ки ҳамон Шумон аст, зинда шавад то ҷашне ки баргузор мекунанд, маъниву мафҳум дошта бошад.
Бо арҷ, Умед Ҷайҳонӣ

Мутаассифона дар хабар аз муаллифи лоиха ёдовар нашудаанд.Харчанд, ки дар худи рамз номи муаллиф ва мушовир чой дода шудааст. То чое ман вокиф хастам лоихаи мазкур аз чониби устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайни Точикистон Зиёратшох Довутов тархрези шудааст. Хуб мебуд дар анчоми хабари мазкур исми муаллиф низ оварда мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)