Бахшҳо

Масъулини ҳукумати Тоҷикистон пойбанди як кишвар буданро дарк карданд

Татбиқу афзоиши пайдарҳами боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, барои Тоҷикистон дар баробари пайомадҳои манфӣ, - аз қабили болоравии нархҳо ва сатҳи таваррум, инчунин ҷанбаҳои мусбат ҳам дорад.


Ин нуктаро, дар сўҳбат бо  «Озодагон», Фирўз Саидов, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳор дошт.Ба гуфтаи Саидов, дар натиҷаи афзоиши боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ, масъулини Тоҷикистон таҳдидҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии пойбанди як кишвар буданро дарк карданд. Вай мегўяд, сўйистифодаи Русия, аз яккатозиаш дар бозори сўзишвории Тоҷикистон, масъулини тоҷикро водор кард, то барои ҷорӣ кардани воридот аз дигар кишварҳо кўшиш намоянд. Саидов, таъкид мекунад, ки муҳимтар аз ҳама, масъулини Тоҷикистон, баъди афзоиши пайдарҳами боҷи содиротии нафти Русия, барои роҳандозии коркарди нафт дар дохили кишвар, талошҳо карданд ва баъзе дастовардҳо ҳам доштанд.

Айни ҳол, Тоҷикистон барои ҳар тонна бензини Русия, 399 доллар ва барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар 297 доллар, боҷи содиротӣ супорида истодааст. Дар назар аст, то охири соли ҷорӣ ба тарофаҳои гумрукӣ, зимни интиқоли сўзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон таҷдиди назар карда шавад.

Аммо сарфи назар аз он, ки ҳаҷми боҷи содиротӣ кам ё умуман лағв мешавад, Фирўз Саидов барои масъулини тоҷик зарур мешуморад, талошҳояшонро барои роҳандозии коркарди нафт дар дохили Тоҷикистон қатъ накарда, вусъат диҳанд, зеро ба гуфтаи ў ин роҳи беҳтарин ва арзонтарини таъмини кишвар бо сўзишворӣ аст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)