Бахшҳо

Филме дар бораи оилаи муҳоҷирон соҳиби ҷоиза шуд

Филми “Пушти фармон” ё “Сари чанбарак”, ки аз рӯзгори хонаводаи муҳоҷирони тоҷик дар кишвар қисса мекунад, моҳи июл дар ҷашнвораи “Садои занон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми донишҷӯ” шудааст. Ин филми кӯтоҳ сохтаи Элиз Лакери бритониёӣ мебошад, ки то кунун чанд ҷоизаи ҷашнвораҳои Аврупоро аз худ карда буд.

Дар ин филм гуфта мешавад, ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир Тоҷикистонро бо ҳадафи пайдо кардани кор ва аз ин тариқ таъмин намудани оилаҳояшон тарк мекунанд. “Маблағе, ки аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад, барои боло бурдани иқтисоди кишвар мусоидат мекунад. Дар воқеъ, Тоҷикистон кишварест, ки ба пули муҳоҷиронаш сахт ниёз дорад”,-таъкид шудааст дар филм.

Элиз Лакер дар филми сохтааш ин суолро гузоштааст, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик мардонанд ва занону кӯдакони онҳо дар дохили кишвар чӣ кор мекунанд? Ва ҷавобашро парешонии рӯҳӣ ва эҳсоси Нигора, як зани хонашини узбакзабони Тоҷикистон, додааст. Ин зан мегӯяд, баъд аз он ки шавҳараш фиристони пул аз Русияро қатъ кард, зиндагии ӯву фарзандонаш рӯ ба рукуд оварданд.

Нигора, пас аз он ки дигар умеде аз шавҳараш намемонад, бар хилофи он ки зан аст, ба таъмири чархҳои мошин шурӯъ мекунад ва фарзандонашро бо ин роҳ мехӯронаду мепӯшонад.
Мӯҳр
Хеле мавзуи мухими руз аст- мавзуи такдиру масоили мухочирин. Элиз Лакер тавонистааст, ки чанбахои ахлокии хаёти мухочиринро матрах намояд. Танхо дар соли 2013,- хабар медихад яке аз барномаи телевизонии Руссия дувоздах хазор мардони точик дар Руссия хонадор шуданду ба Ватан барнагаштанд. Маълум аст, ки кисми зиёди онхо хонаву чой, зану фарзанд доранд. Чи хуб мешуд, ки ин филм дар Осиёи Маркази тавассути телевизион бештар намоиш дода мешуд. Чун фарзандоне, ки падар аз онхо руй гардонидааст, садамаи сахти равони мегиранд ва дар кайди зиндаги гохо ба ивази эхсоси масъулият пайдо кардан, баръакс ба вартаи навмеди (депрессия) дучор мегарданд, майзадаву муътод мегарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)