Бахшҳо

Акбари Саттор: Анҷуман фақат ба хотири интихоби раиси нав даъват намешавад

Анҷумани навбатӣ ё худ съезди 11-уми ИЖТ 15-уми октябри соли равон баргузор мегардад.


Дар ин бора Акбаралӣ Сатторов, раиси ниҳоди мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Ӯ гуфт, тибқи нақшаи пешакӣ анҷуман бояд дар моҳи июли сипаришуда сурат мепазируфт, аммо бо далели баргузории ҷашну маросимҳои мухталиф вобаста ба таҷлили 20-солагии истиқлолият, раёсати иттифоқи журналистон ба хулосае омад, ки анҷуманро дар моҳи октябр доир намояд.

Гуфта мешавад, мувофиқи оинномаи ИЖТ бо гузашти 5 сол як маротиба анҷумани иттиҳод доир мегардад. Вакилони анҷуман аз саросари кишвар ҷамъ омада, масоили марбути рӯзноманигорӣ, бурду бохти соҳа ва дурнамои рушди онро баррасӣ мекунанд.

Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, дар анҷумани қарибулвуқуъ масъалаи интихоби раиси нав ва раёсати нав низ ба нақша гирифта шудааст, вале асосан дар бораи ояндаи иттифоқ ва умуман соҳаи журналистика, ки яке аз соҳаҳои  асосии ҷомеаи кунунӣ ба ҳисоб меравад, андешаронӣ карда мешавад. «Ба ҳамин хотир барои таҷлили анҷуман мо тайёрии ҷиддӣ дида истодаем, ки ин ҳамойиш фақат ба  интихоби раиси нав ё раёсати нав табдил наёбаду дар баробари он муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор бигирад»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)