Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:46

Ду бохти якхелаи Тоҷикистон ва 4 шанси боқимондаи тими миллӣ

7 сентябр 2011, 10:38

Бозии гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Куриёи Шимолӣ дирӯз дар варзишгоҳи “Янггакдо”-и пойтахти ин давлат бо ҳузури 30 ҳазор тамошобин доир гашт.


Тибқи иттилои  федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи яккачини футболи мамлакат пас аз бохти худ дар майдони «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо тими миллии Ӯзбакистон, дар даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё низ бо Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар дақиқаи 14-уми нимаи аввали бозӣ Пак Нам Чол голро ба самар расонд.

Ба иттилои манбаъ бозии ҷавобӣ миёни ин ду тим 29-уми феврали соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. 11-уми октябри соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Ҷопон қувваозмоӣ мекунад, бозии ҷавобӣ миёни мунтахаби Ҷопону Тоҷикистон бошад, 11 ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад. 15-уми ноябр Тоҷикистон дар сафар бо тими Ӯзбакистон бозии ҷавобӣ анҷом медиҳад. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!