Бахшҳо

Гардон: “Ноза Абдулвосиева ҳамсари охирини ман хоҳад буд”

Александр Гардон, рӯзноманигори маъруфи 50-солаи рус, ки барои бори чорум оиладор шуду ин дафъа ба ҳайси ҳамсараш духтари тоҷикро интихоб кард, мегӯяд, ин издивоҷи охирини ӯ мебошад.

Гардон дар суҳбат бо расонаҳои русӣ иқрор кардааст, дар оянда имкон дорад, бо ягон зебосанами дигар робита барпо кунад, аммо дигар бо касе оила бунёд нахоҳад кард. "Ин никоҳи охирини ман аст. Гуфта наметавонам, то чи ҳад хушбахтам. Аз чашми бад метарсам",-гуфтааст ӯ.

Рӯзноманигори рус мегӯяд, ӯ ҳоло дар наздикии обанбори Пестовский қитъаи заминеро харидорӣ кардаасту дар рӯзҳои наздик барои худ ва зани 20-солааш хона бунёд хоҳад кард. Ҳамсари нави Гардон, аммо ба гуфтаи ӯ охиринаш, духтари 20-солаи тоҷик - Ноза Абдулвосиева буда, абераи шоири тоҷик Мирсаид Миршакар гуфта мешавад. Ин духтари тоҷик, ки издивоҷи ӯ бо марди 50-солаи рус баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст, моҳи июни соли ҷорӣ бо Гардон ақди никоҳ бастаааст.

Ин хабарро расонаҳои русӣ такя ба суханони Валерий Аҳадов, синамогари маъруфи тоҷик ва падарбузурги Ноза Абдулвосиева нашр карда буданд. Ноза Абдулвосиева донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи киноматографии давлатии Русия буда, дар бахши коргардони филмҳои мустанад таҳсили илм дорад.

Аҳадов илова намудааст, интихоби наберааш барои ӯ ғайриинтизор набуд, чун Ноза аз овони кӯдакӣ зеҳни ғайриоддӣ дошта, муошират бо одамони аз худ калонтарро авлотар медонист. Ин дар ҳолест, ки Александр Гардон моҳи ноябри соли 2013 аз зани сеюмаш - барандаи телевизион Нина Тригоринаи 19-сола ҷудо шуда буд. Омили ин ҷудошавӣ фарқияти калон дар синну сол арзёбӣ мешуд. Бо ин вуҷуд, ин дафъа низ Гардон ҳамсареро интихоб намудааст, ки аз худаш 30 сол ҷавонтар аст.
Мӯҳр
ба шумо хушбахти доимо ер бошад.

Сахидод
Барои хунармандон фарке надорад. Кош издивочи охирин бошад. Лекин Галкин ва Пугачеваро бинед, фаркият то кучост...

Чавони безан
Муйсафеди баднафс будааст ин гардон. Мо холо барои гирифтани як зан имкон пайдо накардему ин бошад аллакай аз сари 4 - то об рехтааст. Хайр акнун ноза дигар точикиаш намондааст. Фархангу расму русуми милли барои "фархангиён"-и мо руз аз руз бегона гашта истодааст.

Мухаммад
Мухтарам "Озодагон"ман шуморо ба точикбадбини айбдор мекунам ин духтар Точик нест ва ба чои калимаи Точик "точикистони" истифода баред.

Domullo
Ba khonuma Noza rushdi hunarivu ba Gordon nushi barakati piriro tamanno doram! nikohi batahamuli hisobist.

30 сол фарк байнашон, ба фикрам пул рол мебоза. Пул боша чихеле меган 16 солаша мегири, муйсафеди бенамудам боши!

Domullo
Мухаммад,
Muhammad, chi passportashro didi?

рк
Озодагон

Хамин духтар умуман точик нест ва ба Точикистон ягон алокае надорад. Бас кунед дар бораи у хабаргузориро.

Subhon
Хай духтар шавхар карда истодааст. Ба хар хол аз он хочибибихои фоишарафтор бартар аст. Чаро онхоро точик мегуеду инро не?

ин духтар ақле надоштаст, хайр инхел духтарҳое ки дар расия калон шyдандy боре ҳам аз расмy русм дин физеро намефаҳ аманд барои инҳо пyлy амол дар ҷое аввал меистад. Фарқаш чи пулаша гирифт бо дустбачааш кайфу сафо мекунад. Тоҷикy мусалмондухтар ҳеҷ гоҳ ин коро намекунад.

Точик 1
Бародарон ва хохарон! барои точик , рус яхуди ё дигар миллатро муайян кардан, меъёрхое вучуд дорад. Нахуст эътироф кардан ба мансубияти хеш ба ин ё он кавму миллат , дуввум донистани хуби хамон забон, дин ва фархангу хуввяту торихи худ. Севвум риоя кардани суннатхои мардумии худ чи дар муносибат бо Худо, чи худ ва чи мардум. Чорум вафодор ва содик будани ба хамон дину забону фарханги кавму миллат. панчум чехра ва нажод ( ки ин масала дар замони мо кухна шудааст зеро як навъ одамоне хастанд ки мегуи аз замони Ориёихои кадим мондаст ин кадр чехраи ориёи вале хамин ки даханаша мекушояд, мегуи кати узбако аз мугулистон омадааст аммо баъзехош рангу руша мебини мегуи бачи Чингизхонай лекин ин кадар патриоту сарсупурдаи миллат ки гуфтан надорад баро хамин ин панчуми дар ин замона ахамияташа гум кардааст ё албатта гум мекунад) ва гайра. ин духтар оё ба хамаи хамин принсипу усулхо риоя мекунаду побанд аст?

Салимшо: Хоруг
Ин духтар хеч рабте не ба точик дораду не ба мусалмон.Инхо дар дини насронианд ва бояд фамилияшро иваз кунанд.Ин Миршакар хам фарзандонашро тарби кардан натавонист ва илтимос дигар номи точикро бад накунед журналистони азиз

и хабар барои манахмият надорад !!!

Ei mardum in duhtar pomiri ast, tojik nest. Odatan pomiriyo hudro tojik nameshumoran. Pomiriyo, inhoda munkin ast tamomi millatro girad.

In duhtar pomiri meboshad... pomiriyo hamai millata megiran.. farqash nest inoba.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)