Бахшҳо
26 авг 2014 19:12Тоҷикистон / Акс / Видео

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

Алишер ЗАРИФӢ

Бархе аз волидон ва довталабони тоҷик аз “бенизомӣ” дар Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят карда, мегӯянд, бо вуҷуди он ки аз навоҳии дурдастанду дар пойтахт макони зист надоранд, масъулон саривақт ба мушкили онҳо расидагӣ намекунанд.

Абдукарим Сатторов, падари як довталаб аз ноҳияи Дарвоз, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барои такроран бақайдгирии исми фарзандаш дар Маркази миллии тестӣ талош доранд, аммо ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Сатторов мегӯяд, масъулони марказ санаи оғози сабти номи дубораи довталабонро рӯзи 26 август эълон карда буданд, вале бо омадани довталабон аз навоҳии дурдаст ба назди даромадгоҳи ин ниҳод, ба онҳо гуфтаанд, “боз як рӯзи дигар мунтазир бошед”.



Ба гуфтаи мусоҳиби мо, масъулини марказ гуфтаанд, азбаски дар шаҳри Душанбе як нуқтаи ба қайдгирӣ асту шумораи довталабон зиёд, онҳо тасмим гирифтаанд, рӯзи 26 духтарон ва рӯзи 27 август бачаҳоро сабти ном кунанд. Дар ҳоле ки оқои Саторов мегӯяд, онҳо қаблан аз ин тасмими масъулини марказ огоҳ карда нашуда буданд.

Номбурда меафзояд, фарзандаш, ки хоҳиши донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуданро дошт, дар озмуни қаблӣ нагузашт ва ҳоло ҳайрон шудааст чӣ кор кунад: “Ростӣ, дирӯз ҳам дар ҳамин ҷо будам, гуфтанд пагоҳ, акнун имрӯз омадем, навбат нест мегӯянд. Гӯиё имрӯз фақат навбати духтарҳост, пагоҳ аз писарҳо. Охир мо худи аз Дарвоз омадем, хостем ин ҷо бақайд гирем, лекин ин ҷо одам хеле зиёд”.

Аксари волидайни довталабон мегӯянд, беҳтар мебуд масъулини Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи онҳо низ чунин марказҳои бақайдгирӣ мекушоданд, то саргардон намешуданд. Дар ҳамин ҳол бархе аз довталабони тоҷик аз навбатпоии тӯлонӣ дар нуқтаҳои пулсупорӣ низ шикоят доранд. Як довталаб, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, дар пардохти маблағи бонкӣ барои ширкат дар озмуни такрорӣ, ки 14 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ба мушкил рӯ ба рӯ гардидааст.



Ин ҳамсуҳбатамон қайд намуд, тавре дар назди Маркази милли тестӣ аз саҳар боз интизор шудаанд, дар назди яке аз филиалҳои “Амонатбок” дар пойтахт низ чунин мушкил доштаанд: “Охир, намешавад ҳамин нуқтаҳои пардохти пулро тариқи филиалҳои дигар бонкҳо низ роҳандозӣ кунанд? Нуқтаҳои пардохти пул зиёд шавад, мо соатҳо пушти дари онҳо интизор нашавем. Ман аз Норак омадаам, имрӯз корам ба анҷом нарасид, маҷбурам хона равам боз пагоҳ баргардам ба Душанбе”.

Мавриди зикр аст, ин бори аввал нест, ки довталабон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ ба мушкилоти гуногуне рӯ ба рӯ мешаванд. Қаблан ҳам зимни эълони натоиҷи озмуни даври якуми тақсими ихтисосҳо гурӯҳе аз довталабон аз натиҷаи озмун ва дер расидани ҷавоби SMS-ашон аз сӯи Маркази миллии тестӣ норозигӣ карда, фаъолияти шаффофи ин ниҳодро зери суол бурда буданд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”
Мӯҳр
Муаллим
Обро лой накунанд, моҳӣ гирифта наметавонанд! Ҳамаашро компютер дар сонияҳое иҷро мекунад, лекин агар ҳама корро компютер кунад, ришва аз куҷо! Ҳама ин душвориҳо сунъианд, то волидайни довталабон "шинос" кобанд. Ҳамин корро рӯзҳои аввали август ба анҷом расонидан мумкин буд-ку!

Точик
шармандаги, шармандаги, шармандаги, шармандаги, сад бор шармандаги, ки мардуми мазлуму бечорая хамика сарсон кунен. Кучо шуд нангу номуси точиконаи шумо, М А Н С А Б Д О Р О ва хусусан В А З И Р И М А О Р И Ф ки ба доду войи мардуми бепулу бетагою бенавою бепадару бемодару ятиму бекас расидаги кунен, Як бор ку хезен бароен пеши хаму дари Маркази миллии тести (Маркази миллии пулгири) равену аз холи зори мардуми сарсонаи дехот ва аз гиряву зораи духтаракону бачахакои боилм (ки ММТ беилм гуфт) хабар гирен ва аз муносибати кормандони хукумату макомот хабардор шаваен.

Ахмадщох
Вой бар холи точики рахгузада. Ин чи ахвол аст, ин чи бедодгари, ки кудакони бечора сарсону саргардонанд. Маркази тести нею маркази авлоди шудааст. Тестияш хам як бахонаи дигар будаасту хамаашро пул хал мекунад.

Точики асил
"маркази милии тести тахти назорати президент" хамаааш вохимаи холияй

Хамид
нарху наво чи хел аст бародарон?
назар ба соли гузашта арзонтар аст ё не5?

довталаб
хамин ММТНПЧТ тахти назорат нест, ки чихеле, ки хоханд гап мезананд. Дина гуфтанд, ки чор руз довталабонро ба кайд мегирем, имруз бошад дигар гап мезананд, як руз духтарон як рузаш писарон. ЭЭЭЭЭ коргарони ММТ шумо ба такдири кудакони мардум бози накунед, мурданатонро фикр кунед. пеш аз он ки хаминро ташкил кардед, фикри сариштакунияшро накардед? Имруз бошад, рафти кори худатонро намедонед

Ёд дорам вакти имтихонсупори дар мактаби №42 шахри Душанбе директори маркази тести (Тешабой) фаъолияти марказро бо тамоми хиссиёти ба худаш хос таърифу тавсиф карда онро давоми "сиёсати хирадмандона" номид. Вале мутаассифона ман баъди натичагирии имтихонот ва барои аз навбакайдгирии довталабон ба хулосае омадам, ки тарзи коргузории маркази мазкур ба коргузории колхоз монанд буда ба бозори Корвон (дар мавриди хариду фуруши ихтисосхо) мубаддал шудааст. Афсус ва сад афсус, ки аз номи миллат харф мезананду вале барои пешрафти миллат заррае хизмат намекунанд. Ва чунин менталитет танхо ба мардуми хамин минтака хосаст.

вай вай ин шармандагист...мардуми бечораро бинед....як дар аксхо нигаред ягон одами калон шавандаро намебинед...факат дехконхои бечора хастанд...боз фарзандони шишкахо гузаштан,дехконписархо монданд...ба замин афтидаги талаба бошад ё модар?...вазорати маориф аз порагири сер кардан навбат ба ММТ шуд...

а
Хамин мардуми кишлоки кай одамгари ва фархангро ед мегирифта бошад? Хама чойро ба бозор-балаган табдил медиханд. Бетартиби гавгою магал.

Ватандор
Афсус, ки то хол бачое нарасидем. Мухтарам Чаноби ОЛИ.. аз шумо калбан эхтироми хос дорам, ки хамин беадолатии кормандони системаи хукуматро аз байн баред.. Илтимос... ин чи гап худаш. Мо ба эхтироми ва самимияти Шумо нисбати халк ва пешравии давлат бовар дорем, лекин хамин гуна рохбароне, ки Шумо мемонед бо халк муносибат кардан ва гуфтугу кардан, муросо карданро наметавонанд.
Як бор бе дахолати КГБ бо халк сухбат кунед, дарди дили моро фахмед. Халки бечора аз мушкилии давлат азоб накашида истодааст, аз мушкилии халк ин шахсиятхо мебошанд. Як ду нафарашро бо даъвои хакикии халк чорауи кунед, то барои дигаронашон панд шавад.
Хай бинед, ин беадолати хаду канор надорад. Довталаб, ки орзуи хонданро дорад, аз бемасъуялтии шахсони вобастаи маркази милли дилсиех шуда, нафратангин мешаванд.
Як хохиши дигар ЧАНОБИ ОЛИ хамин ягон руз худатон ба иаври пинхони рафта назди хамон маркази милли шишта аз дур нигох кунед, ки гапу хабар аст.... То Шумо бо халк озод сухан накунед, Шумо аз холу ахволи халк хабардор нестед..он чи ки Шуморо мегуянд ба дахону ба гуш, 90 фисадаш бофтаю сохта аст.
Худованд хамаи моро нигахбон бошад ва Шумор ЧАНОБИ ОЛИ кувват тиянд, ки дарди халкро даъвояшро ебед....
Барори кор барои хамаи хамватанони азизам орзу дорад. Худо хофиз!

Хой (а Имрӯз, 11:13) ту худат аз кучои бо ита мардума кишлоки меги,кишлоки дар ММТ шиштагиян тарзи коркуниро сарфахм намеран бесаводо.

монед хамаи довталабо бхонад ! агар дохил нашаванд хамаш россия мардикори мераванд !

довталаб
хамин ММТ бошад имсол соф гусфандон ба дарс мерававнд. хайфи касамхои хурдаатон ТЕШАБОЙ таго. АВВАл андеша баъд гуфтор.

Э вой бар холи ин шахру бар хамин одамоне ки мехоханд фарзандонашон илму хунар хонанд. гаштем харбузаву кадуву тарбуз гуфта. Нодида чизе бина, хушки ба амал мебиея мегуфтан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)